Рубрики Хабарҳо

Додситонии кулл шиканҷаи Шаҳбоз Раҷабзодаро таҳқиқ мекунад

Шаҳбоз Раҷабзода, як сокини 29-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро кормандони пулис шиканҷа кардаанд, то гуноҳро ба гардан гирад. Мақомоти умури дохилӣ ин иддаоро беасос медонанд ва рад мекунанд. Ҳоло Додситонии кулли Тоҷикистон дурустии шиканҷа шудани Шаҳбоз Раҷабзодаро таҳқиқ мекунад.

Гуфтанист, Шаҳбоз Раҷабзодаро моҳи ноябри соли гузашта бо иттиҳоми сангине дар Душанбе боздошт карданд ва моҳи апрели имсол мурофиааш дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор шуд. Мақомоти интизомӣ ӯро ба «ташкили иттиҳодияи ҷиноӣ, ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Тоҷикистон… дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ” муттаҳам кардаанд.

Аммо,  Вакили мудофеъ ва хешовандони ҷавон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, «иттиҳомот асос надорад» ва ба қавли онҳо Шаҳбоз Раҷабзодаро дар Раёсати кофтукоби ҷиноии Вазорати умури дохилӣ шиканҷа кардаанд, то гуноҳи нокардаеро ба гардан бигирад.

Далер Қурбонов, вакили мудофеъ ба расонаи номбурда гуфтааст, зерҳимояашро 12-уми ноябри соли 2019 ба раёсати мазкур даъват ва дар ҳамонҷо дастгир кардаанд.

Ба гуфти вакил, Раҷабзода санаи 18-уми март соли ҷорӣ дар мурофиаи додгоҳӣ нақл кардааст, ки кормандони пулис аввал ӯро латту кӯб карда, сипас ба баданаш нерӯи барқ гузоштаанд.

Шаҳбоз Раҷабзода гуфтааст, «латту кӯбам карданд, ки гуноҳро ба гардан гирам, аммо гуфтам, ки коре накардаам. Дар сарам шапка кашиданд, то ҳеҷ касро набинам. Баъд дастонамро баста, зери сарам болиш гузоштанд, ба замин хобонданд ва дар ангуштонам қувваи барқро гузоштанд. Дар ниҳоят тоқат накарда, гуфтам, чизе, ки мехоҳед, ба калла мегирам, лекин дигар барқро истифода накунед».

Бояд гуфт, Шикоятҳо аз шиканҷа дар Тоҷикистон чизи нав набуда, дар гузашта борҳо садо додааст.

Созмони Милали Муттаҳид ҳам хостааст, эътирофотеро, ки дар натиҷаи шиканҷаву бадрафторӣ ҳосил шудаанд,ба инобат гирифта нашаванд. Созмони милали Мутаҳид борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то ба ин зуҳуроти номатлуб дар мақомоти интизомӣ хотима дода шавад.

Сообщение ПАЁМ.net.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *