Таҳлиле аз Маркази мутолеъоти мустакили олмонӣ, ки ба вазъияти Ховари Миёна машғул аст
Чор шаҳрванди Тоҷикистон барои тарроҳии ҳамлаҳои террористӣ алайҳи иншооти низомии Амрико ва яке аз мунаққидони ислом дар Олмон дастгир шуданд.
Аммо, аз худи хабар дида, барои мо ҷолибтар кившарест, ки онҳо аз он ҷо баромадаанд: Точикистон.
Ин ҷумхурии собақ Шуравӣ дар зеҳни умамӣ дар робита ба терроризм чандон нақше надорад, агарчи далелҳое мавуҷуданд, ки аз соли 2015 ба баъд тоҷикон ба сафи ДОЪИШ мепайванданд.
Ин гуруҳи чорнафара дар якҷоягӣ бо Рашван Б, ки марти соли 2019 ба ҳабс гирифта шуда буд, як ячейкаи пинҳонии “Давлати исломӣ”-ро дар Олмон таъсис додаанд ва бо ду роҳбари аршади ДИ дар Сурия ва Афгонистон дар робита будаанд.
Қашшоқтарин ҷумхурии собиқ Шуравӣ
Тоҷикистон на танҳо камбизоаттарин кишвари собиқ Шуравӣ, балки яке аз камбизоаттаринхо дар сатҳи ҷаҳон мебошад. 35% дар зери хати камбизоатӣ зиндагӣ мекунад. Танҳо 7% масоҳатро метавон ҳамчун замини кишт истифода бурд, бинобар ин, тибқи гузориши World Factbook CIA 70 % маводи хурока аз хориҷ ворид мешавад.
9.1 миллион аҳолӣ бештар аз 1 миллион дар хориҷ (90 % дар Русия) кор мекунанд. Пулҳое 6 ки онҳо ба ватан мефиристанд ҳам боиси зинда мондани хонавода мегардад ва ҳам буҷаи кившарро таъмин мекунад. Дар соли 2017 ҳаҷми маблағҳои муҳоҷирин бештар аз 35 % ММД (Маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ)- ро ташкил дод.
Бо вуҷуди камбизоатӣ, Тоҷикистон яке аз босуръаттарин зиёдшавии аҳолиро дорад.
Бештар аз 90% аҳолии кишвар мусалмон ва аксарият суннӣ хастанд ва номи миллат ҳам ( тоҷик) яке аз номҳои дигар порсӣ аст. Тоҷикон 83% аҳолиро ташкил медиҳанд. Пас аз пошхурии Шуравӣ аз 400 000 русҳо феълан тақрибан 140 000 боқи мондаанд ва аз 15 000 яҳудиён ҳоло наздики 1000 нафар.
Тибқи маълумоти Эътилофи миллии дастгирии яҳудиён (NCSEJ) , як қисми яҳудиён соли 1992 ба Исроил интиқол дода шуданд ва ибодатгоҳи онҳо бо ҳамроҳии қассобхонаи кошерӣ соли 2008 барои сохтмони Касри президентӣ гирифта шуд. Дар ивазаш як тоҷири тоҷик (додарарсуи президент -эзоҳи тарҷумон) як бинои мавҷударо ба яҳудиён ҳамчун ибодатгоҳ тӯҳфа кард.
Яҳудиёни Тоҷикистон аз ду гурӯҳ иборатанд: Яҳудони бухороӣ ва ашкеназӣ. Агар яҳудиёни ашкеназӣ пас аз ҷанги дуюми ҷаҳон аз дасти фашистон ба он ҷо фирор карда бошанд, яҳудиёни бухороӣ ҳануз 600 қабл аз мелод ба Осиеи Мраказӣ ҳиҷрат карда буданд.
Яке аз сахттарин режими репрессивӣ дар ҷаҳон
Кишварро аз соли 1992 инҷониб Эмомали Раҳмон идора мекунад. Дар байни 167 кишвари олам, тибқи гузориши омодакардаи The Economist дар соли 2019, Тоҷикистон аз руйи озодиҳои умумӣ ҷойи 160-ро ишғол мекунад. Дар қатори кишварҳое мисли Кореяи Шимолӣ, Туркманистон, Арабистони Саъудӣ, Конго, Гвинеяи Эквадорӣ, Чад ва Сурия. Моҳи майи 2016 маҳдудияти муҳлати президентӣ бардошта шуд ва Раҳмон метавонад то охири умр роҳбар боқӣ бимонад. Тибқи гузориши “Хабарнигорони бидуни марз” ин кишвар аз руйи озодии матбуот дар ҷойи 161 қарор дорад.
Пас аз истиқлолият дар соли 1991 Тоҷикистон вориди ҷанги шахрвандӣ шуд, ки то соли 1997 идома дошт ва имзои Созишномаи сулҳ дар Маскав хотима ёфт. Он вакт ИНОТ дуюмин кудрат пас аз ҳизби шуравигарои Халки-Демократӣ ҳисоб мешуд ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ҳам яке аз аъзои ИНОТ. Агарчи Президент Раҳмон як мусалмон аст ва сафари ҳаҷ ҳам кардааст, ҲНИТ-ро бо иттиҳоми кушиши табадддулоти давлатӣ бо қарори Суди олӣ мамнуъ эълон кард. Гуфта мешавад, ки ҳизб то 40 000 аъзо дошт.
Соли 2018 чор сайёҳи дучархарон дар як ҳуҷум аз тарафи гуруҳҳои исломгаро кушта шуданд. Ҷинояткорон аввал бо мошин болои онҳо ҳуҷум карда, сипас онҳоро бо корд заданд. Ин ҷиноятро ДИ ба дӯш гирифт.
Аммо, Созмони Авфи Ҷаҳони дар шарҳи худ менависад: “Аъзоёни ҲНИТ пас аз иттиҳоми терроризм дар як маҳкамаи ноодилонаи пушида ба ҳабси абад ё тулонӣ маҳкум шуданд. Хабарҳо дар бораи шиканҷа шудан ва маҷбурӣ эътироф гиритфан аз онҳо беғаразона таҳқик намешаванд. Вакилони дифоъи аъзои ҲНИТ мавриди таъқиб ва ҳабси тулонӣ бо ангезаҳои сиесӣ қарор гирифтанд.”
Бо баргузории як реферундем соли 2016 , озодиҳои динӣ хеле маҳдуд шуда, ҳизбҳои динӣ, атеистӣ ва фаъолияти таблигӣ манъ карда шуд.
Ҷонибдорӣ аз демократия — бо риояи Шариат
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ғарб як ҳизби муътадил шинохта мешавад. Савол ба миён меояд, ки ин “эътидол” чӣ гуна фаҳмида (ташхис) мешавад? Дар китоби “ Ислом дар Точикистон” , ки соли 2015 аз ҷониби Бунеди Илм ва Сиёсат (SWP) нашр шудааст, муаллиф Андреа Шмитс менависад:
- Бо омадани Муҳиддин Кабирӣ (соли 2006) ҳамчун раиси ҷавон, ӯ медорнизасияи (навгаройии — шарҳи тарҷумон) оғозкардаи Нуриро идома дод. Баръакси аксари роҳбарони дигари Наҳзат, Кабирӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ ширкат накарда буд: Ӯ маълумоти дунявӣ дорад ва назарияи ҷудогии ташкилотҳои динӣ аз сиёсатро ҷонибдор аст. Таҳти роҳбарии ӯ Наҳзат ба самти як ҳизби парлумоние ҳаракат кард, ки метавон гуфт, барномаи “пасоисломгароӣ” дошт.
Ойинномаи ҳизб тасаввуреро аз як ҳизби мардумӣ ба вуҷуд меорад, ки арзишҳо ва принципҳои демократӣ ва либералиро (мисли озодии виҷдон ва баён, низоми бисёрҳизбӣ, интихоботҳои озод) дар созиш бо арзишҳои исломӣ медонад, арзишҳои худро дар муқобили дигар ҷаҳонбиниҳо мутлақ намеҳисобад ва арзишҳои худро мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ мегардонад.
Ҷанбаи “исломият”- Наҳзат, ки дар зоҳир чандон бараъло нест, дар ҳаёти рузмарраи ҳизбӣ равшантар мушоҳида мешавад. Масъала сари ин аст, ки ихтилоф байни шинохти дохилии ҳизб ва рақибонаш аз “исломият” ва “чӣ исломӣ ҳасту чӣ нест” боқӣ мемонад ва ин нақши калидиро мебозад.”
Ин ҳамон масъалаест, ки Ғарб дарк намекунад — дар асоси шариат пойбанди демократия ва қонун будан. Кам одам (дар Ғарб) дарк мекунад, ки то чи ҳад шариат , меъёрҳо ва арзишҳои исломӣ дар ҳаёти ҳаррӯзаи мусалмонон таъсир доранд ва эҳсос мешавад , ки ин масъала гоҳо барқасдона ҳам нодида гирифта мешавад.
Вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон фалокатовар аст ва ин маънои онро дорад, ки дар ғарб ба афроди таъқибшаванда паноҳгоҳ дода мешавад ва ё ҳади акал, онҳоро ба хотири ҷазоҳои ваҳшиёна дар ин кишвар ба ватанашон истирдод нахоҳанд кард.
Соли 2015 Маркус Латтон дар Jungle World интихоботҳои парлумонии Точикистонро як “варта” номид, зеро ҳизбҳои оппозитсионии воқеъӣ, мисли коммунистҳо ва ХНИТ ба парлумон роҳ дода нашуданд. “Тарси он ки ҷавонон бештар ифротӣ мешаванд ва ҷангҷуён тариқи марз аз Афгонистон ба Тоҷикистон мегузаранд, аз тарафи ҳукумати кишвар барои ҳадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ ва барои сафед кардани саркубиҳои сахт истифода мешавад.”
- Пас аз даҳсолаҳо талоши Шуравӣ барои дунявӣ кардани ислом, дин аз нав дар ҳаёти мардум нақши муҳим бозиданро оғоз кардаст, — менависад ӯ бо иқтибос аз Эдвард Лемон, муҳаққиқи Донишгоҳи Эгзеттер, ки солҳо боз Осиёи марказиро меомузад. — Адади ками тоҷикион бо номи дин даст ба силоҳ задаанд, аксарият баъди ҷанги шахрвандӣ хушунатро намепазиранд.”
Чунин хулоса далели хушбинона ва ҳамзамон иштибоҳӣ аст. Алакай соли 2015 маълум буд, ки шумори зиёде аз Тоҷикистон ба ДИ пайвастаанд. Гуфта мешавад, ки бештар аз 4000 шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар сафи ДИ вуҷуд доранд ва ин раванд идома дорад. Тибқи гузориши “Фарғона” соли 2016 раванди пайвастани тоҷикон ба ДИ бештарин ҳолатро дошт. Дар натиҷа: “Маъруфтарин тоҷикони ДИ ин вазири ҷанги ин созмон Гулмурод Ҳалимов ва Тоҷиддин Носиров мебошанд, ки бо лақаби Абу Усомаи Норакӣ шинохта мешавад. Норакӣ ба созмондиҳии ҳуҷумҳо дар Швеция ва Тоҷикистон муттаҳам аст.”
Кумитаи Амнистии миллии Тоҷикистон эълон кард, ки тайи солҳои гузашта 1900 шаҳрванди ин кишвар ба Ироқ ва Сурия барои ширкат дар амалиётҳои ДИ рафтаанд. Бештар аз 1700 сафари онҷо дар рӯйхати пайгард мебошанд. Байни онҳо занҳо, кӯдакон ва волидайну дигар наздикон ҳам ҳастанд. Таъаҷубовар нахоҳад буд, агар маълум шавад, ки чор нафари боздоштшуда ҳам дар ин руйхат будаанд.
Сообщение ПАЁМ.net.