Намояндаи Амрико дар умури Афғонистон муборизаи Толибон бо ДОИШ-ро ҷиддӣ тавсиф кард.
Том Вест сешанбе дар як суханронӣ дар андешакадаи Стимсон гуфт, ки Толибон дар ду соли гузашта дасти кам ҳашт фармондеҳи ДОИШ-ро дар Афғонистон аз байн бурда ва ҳамалоти ДОИШ бар афроди мулкӣ, ба хусус ҳазораҳо кам шудааст.
Ӯ афзуд, ки намехоҳад дар мавриди таъсири муборизаи Толибон бар фаъолиятҳои ДОИШ “иғроқ” кунад аммо ҳамалоти ДОИШ бар афроди мулкӣ ба андозаи собиқ нест.
Намояндаи Амрико як рӯз пас аз солгарди ҳамалоти ёздаҳуми сентябри 2001, ки дар он Ал-Қоъида нақш дошт, дар ин марказ дар бораи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ ва таъсири он бар Афғонистон суханронӣ кард. Ба гуфтаи Вест, акнун таҳрики Толибони Покистон таҳдиде амниятӣ дар минтақа аст.
Покистон Толибони афғонро муттаҳам кардааст, ки аз контроли шибҳинизомиёни покистоние, ки дар хоки Афғонистон ба сар мебаранд, нотавон аст. Афзоиши шадиди ҳамалоти террористӣ дар ин кишвар пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар Афғонистон, ба фаъолиятҳои Толибони покистонӣ ва озодии амалашон дар Афғонистон нисбат дода мешавад.
Вашингтон то кунун дар иртибот ба дархостҳои Исломобод аз Толибон барои ҷилавгирӣ аз нуфузу ҳамалоти шибҳинизомиёни покистонӣ мавзеъгирӣ накардааст. Ҳамчунон, Вашингтон дар ду соли гузашта интиқоди ҷиддӣ аз робитаи Толибон бо ТТП (Таҳрики Толибони Покистон) ва дигар гурӯҳҳои шибҳинизомӣ накардааст, гурӯҳҳое, ки кишварҳои минтақа ононро таҳдиде барои худ ба ҳисоб меоваранд.