Categories Хабарҳо

Коҳиши сиёсат то ба сатҳи пучӣ

Меҳмоншо Шарифов

Идомаи мақолаи Уқдаҳои ҷаҳонсозӣ ва истеҳсоли забони сиёсӣ

Бахшҳои дигари мақоларо метавонед бо нохун задан инҷо бихонед: Бахши , бахши , бахши ва бахши

Имрӯз мушкили на дар ин аст, ки мақомот ё ҳизби ҳоким дар дохил мухолифини сиёсии пурқувват доранд ё дар берун  душманоне сарсахт доранд, зеро  қавми дар мансаб буда ҳизбҳои сиёсии огоҳ ва пурқувват ва сиёсатмадорони огоҳро аз фазои сиёсии Тоҷикистон тоза кардаанд. Аслан агар ба сиёсати воқеи машғул бошанд, набудани мухолифони сиёси воқеӣ ва нашинохтани душмани воқеӣ, метавонанд мушкилиҳои ҳукумати мавҷуда бошад.

Вале  асли мушкили дар табиати маркази фалсафи — сиёсии тасмимгир дар ин сарзамин аст, ки онҳо худ ба мушкилии давлату мардум табдил ёфтаанд. Ин қавм, ки намояндаи як зарфияти сиёсии музофотии дар соя шакл гирифта буданд, натавонистанд  аз воқеияти забонии мавҷуда ва тафсирҳои идеологии яктарафа дуртар рафтан ва воқеяити аслии ҷомеа, давлат ва мардумро рӯ ба рӯ шудан.  Барои равшан шудани ин масъала хонандаи муҳтарам бояд онсӯтар аз мақолаҳо, асарҳо ва шиорҳои навиштаи ин қарина, ки “забон ҳастии миллат аст” ё “забон ҷавҳари ҳастии миллат аст”,  дар бораи воқеан чи будани забон огоҳ бошад.

Таноқузро бубинед, ки дар “шиорҳо забон ҳастии миллат аст”  менависанд вале гуфтору амали воқеии шиорзанҳо ва шиорбардорҳо ҳастии мардумро доранд харобтару харобтар мекунанд. Зеро ҳанӯз забон дар кор нест, яъне амалу гуфтори созанда дар воқеият даркор нест,  чиро ки забон олоте танҳо барои номгузорӣ ва шиорзани нест, чунонки дар қаринаи Тоҷикистон фаҳмидаанд, балки барои ҳастиро, воқеиятро таҷруба кардан ва амал кардан аст. Агар соҳибзабон воқеан озод тавонад будан, забон воқеан худ соҳибқудрат аст ва имкони шакл додани маъниҳоро дорад.

Барои таҷриба кардани ҳастӣ ва воқеият пардаи шаклгирифта аз  калимаҳо, мафҳумҳо, назарияҳо, тафисрҳои гузашта ва овардаро як тараф кашидан зарур аст  то  ҳастӣ ва воқеиятро дар вуҷуди худ он чунон ки ҳаст таҷриба кардан ва ҳис кардан тавониста бошем, ки то маънии асл ва нав ҳосил шавад. Набудани чунин таҷриба боиси набудани кашф, ихтироъ ва шинохти маъниҳои нав дар ин қарина гаштааст ва аз тарафи дигар инсон ҳамчун  ҳомили маънӣ ё ба истилоҳи Ҳайдеггер “нигаҳдорандаи ин хона”  дар ин шабакаи рамзии ҳаёт заиф ва беқудрат гашта, ки наметавонад маъниҳоро кашф кардан воқеияти мардумро дигар кардан.

Мардуме, ки огоҳанд “забони давраи Сомониён”, “забони   Айнӣ дар давраи шӯравӣ”  ва ғайраро, ки чи гуна шароитҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ онҳоро шакл додаанд метавонанд ба хубӣ шинохтан. Дар муқоиса дарк кардан мумкин аст, ки имрӯз  дар воқеияти забнии мо, ҳама чиз пешравӣ, тараққӣ, хушбахтӣ, ваҳдат, истиқлол,  тинҷӣ ва умуман ҳам чиз олӣ ва комил аст, вале аз ҳолати воқеии мардум ва ҳукмронии фақру  фасод дарак нест.  Дар ин муҳит на воқеият шабакаи рамзии ҳаёт, яъне забони ҳозираи моро  шакл медиҳад, балки дар баробари хоҳишу майлҳои  ‘боло’  аз калимаҳову маъниҳои қарзгирифта воқеияте барои мардум мебофанд.  Воқеияти ҳукумрон, ки дар гуфтору кирдори (пинҳонии) ‘сиёсатмадорони’ ин марказ реша дорад забонаш дигар аст.  Ба ҷои сохтани ҷаҳони мардуми Тоҷикистон барои худ муҳити зист ташкил кардаанд.

Чи гунае ки хонандаи огоҳ мебинад, ин номуваффақии фарҳангист на чизи дигар. Зеро мардуме, ки дар маркази фалсафи — сиёсии тасмимгир дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҷамъ шудаанд зарфият, қобилият ва имконияти  шинохти вазъияти фарҳанги ва сиёсии вақти Тоҷикистонро надоранд. Зеро барои оғози ҳар гуна амалҳои созанда ё сиёсат  ташхис ва дарки  ин вазъият зарур аст.  Ҳамин номуваффақӣ дар фарҳанг ё пастии фарҳанг аст, ки мақомот мушкилиҳои иҷтимоии мардумро нодида мегиранд ва аз ҳалли онҳо гурезонанд ва сиёсатро  ва фаҳмиши сиёсатро то ба сатҳи пучӣ ( ad absurdum) расонидаанд.

Эътироф  накардани мухолифони сиёсӣ,  ташкили бархурд  байни арзишҳои динӣ ва миллии мардум ва байни фарҳангу таърих,  танқиду таҳлили мушкилии ҷомеаро хатар ба амнияти мамлакат ҳисобидан ва муаллифонро душманони давлату миллат шинохтан, идора кардани ҷашну маросимҳои мардум то ба сатҳи дегҳои мардум ва дигар корҳо худ намунаи коҳиш додани сиёсати то ба сатҳи пучист.  Ба  хусус ин гуна сиёсатро зери шиори ‘баланд бардоштани зиракии сиёсии мардум’  дар ҳуҷумҳои бемаврид  ба фарҳанги исломии мардум дидан мумкин аст, ки дар ин раванд онҳоро, яъне субъектҳои сиёсии давлатро ба як мавҷуди беиродаи фикр  накунанда, дур аз шинохт, бетараф нисбат  ба мушкилиҳои ҷомеаи худ ва ҷаҳон, заиф ва беқудрат  дар  баробари фасод ва  беадолатӣ доранд “тарбият” мекунанд.

Дар ин раванд  ду пояи аслии сиёсат, ки яке будани  ахлоқ аст ва дигаре шинохти душмани аслии давлат, заиф карда мешаванд. Аз як тараф, ин раванди бемаънӣ шудани ҳаёт, шикастани иродаи мардум ва коста кардани ахлоқ аст ва аз тарафи дигар мардумро аз худ дур кардан ва дар дохил сафи эҳтимолии душманони давлатро зиёд кардан аст. Ин ки маъниҳо дигар дар ҳаёти мардум кор намекунанд ва ё ин ки мардум ин маъниҳоро дигар дарк намекунанд ҷои баҳс нест.  Хусусан баъди пош хӯрдани Шӯравӣ арзишҳо, идеяҳо ва ормонҳои мардум ҳам пош хӯрданд ва зиёд мардум ин нуктаро қайд кардаанд, ки ҳаёт бемаънӣ шудааст. Аслан аз Шӯравии собиқ танҳо чорчӯбаҳои ҷомеа монда буданд ва дар ин сатҳ маъниҳои кӯҳна ҷоннок ва маъниҳои  нав бояд кор мекарданд.  Бо ҳарфи дигар, яъне сиёсати давлат бояд ҳаёти шикастаи мардумро барқарор карда барои ба сатҳи нави сифати гузаронидани ҳаёти мардум равона мешуд, ки мутассифона нашуд. Зеро ҳукумат ин зарфият ва қобилиятро надошт ва надорад.

Дар масъалаи шинохти душман ҳам ин сиёсат заифии худро исбот кард, ки намояндагони маркази тасмимгир дар сатҳи фаҳмишҳои музофот  ва ҳудудҳои эпистемологии аз Шӯравӣ боқи монда дуртар нарафтаанд.  Масъалаи  шинохти душман ба гуфти ҳуқуқшинос ва сиёсатшиносӣ олмони Карл Шмитт нуқтаи олии сиёсат, ки моро “мо” мекунад ва роҳи ақлонии чи кор карданро муаян месозад. Нуктаи муҳим дар ин баҳс, ки сиёсатмардони мо то ба ҳол дарк накардаанд, ин аст, ки дар мамлакат то он ки ҷанги шаҳрвандӣ давом дорад дар бораи вуҷуд доштани давлат ҳарф задан бемаънигист ва воқеан давлат он вақт пайдо мешавад, ки ҷанг байни шаҳрвандони як мамлакат ба охир расида бошад (бубинед Harle 2000, Schmitt 1976). 

Будани сиёсат ҳам аслан, ба гуфти Шмитт, байни давлатҳост на байни мардуми як мамлакат ва чунон ки шоҳидем сиёсатмадорони мо технологияи душмансозиро дар дохили мардуми ин кишвар дуру дароз давом додаанд, ки будани сиёсатро дар мамлакат зери суол бурда барои бозингарони (душманони) беруна эҳтимолияти ташкили фитанаҳоро дар дохили мамлакат бештар мекунад. Дигар масъала, ки боиси нигаронист ин фикрест, ки шояд садсолаҳои “аҳли қалам” будан ва ба хусус дар солҳои Шӯравӣ, одат шуда ки Тоҷикон “мардуме ҷангҷӯ нестанд ва ба сари касе лашкар накашидаанд.” Ин ҳам як мушкилии равони —  фарҳангиест, ки Тоҷикро аз муқовимат ва аз мубориза барои ҳақу ҳуқуқи худ дур метавонад кардан. Шинохти душмани беруна худ рамзи ягонагии мардум ва соҳибқудрат будани давлат дар як мамлакат аст. 

Албатта, мақсад душман ҷустан нест, хоса барои давлати хурде чун Тоҷикистон, балки донистани ин назария барои он зарур аст, ки аввал, дар дохил фазои сиёсии солим ва дигар ин ки бо дигар давлатҳо то ҳадди имкон  маносибати баробар дошта бошем.  Масалан беҳтар кардани вазъи иқтисоди – иҷтимоӣ ва фарҳангии  мардум дар Тоҷикистон имкон медиҳад муносибатҳо  бо Руссиё дар сатҳи баробар барқарор карда шаванд ва мардуми Тоҷикистон зиёд таҳқир нашаванд. Ин мавзӯест, ки дар ин қарина ба як таҳқиқ ва таҳлили мустақил ниёз дорад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *