Дар аснои ин ҳолати вазнин ва вазъияти ногувор, ки Паёмбар (с) ва асҳобашон аз сар мегузарониданд, наздашон аз беруни Макка ҳайъате барои фаҳмидани чизе доир ба Ислом омад. Онҳо сию чанд нафар аз ҷумлаи насрониёни Ҳабаша буданд, ки ҳамроҳ бо Ҷаъфар ибни Абутолиб ҳангоми аз Ҳабашистон баргаштанаш омада буданд. Вақте назди Паёмбар (с) нишастанду аз сифоту аҳволи он кас огоҳӣ ёфтанд ва аз Қуръон, ки барояшон хонда шуд, гӯш карданд, ҳама мусулмон шуданд. Чун ин хабар ба Абуҷаҳл расид, наздашон омада гуфт: “Гурӯҳеро аз шумо аҳмақтар надидаем. Шуморо қавматон фиристод, то ахбори ин мардро омӯзед. Шумо бошед, ҳанӯз дуруст нанишаста, ба гуфтаҳои ӯ бовар кардеду аз дини худ даст кашидед”. Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: “Саломат бошед. Мо бо шумо баробарӣ намекунем. Мо ба кори худему шумо ба кори худ. Барои худамон некиеро дареғ намедорем”. Сипас, дар бораи онҳо Худо ин оятҳоро нозил кард:
“الَّذِينَ آتَيْناهُمُ الْكِتابَ مِنْ قَبْلِهِ هُمْ بِهِ يُؤْمِنُونَ، وَإِذا يُتْلى عَلَيْهِمْ قالُوا آمَنَّا بِهِ، إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّنا إِنَّا كُنَّا مِنْ قَبْلِهِ مُسْلِمِينَ، أُولئِكَ يُؤْتَوْنَ أَجْرَهُمْ مَرَّتَيْنِ بِما صَبَرُوا وَيَدْرَؤُنَ بِالْحَسَنَةِ السَّيِّئَةَ وَمِمَّا رَزَقْناهُمْ يُنْفِقُونَ، وَإِذا سَمِعُوا اللَّغْوَ أَعْرَضُوا عَنْهُ وَقالُوا لَنا أَعْمالُنا وَلَكُمْ أَعْمالُكُمْ سَلامٌ عَلَيْكُمْ لا نَبْتَغِي الْجاهِلِينَ” ]القصص / 52- 55] .
(Он касоне, ки қабл аз нузули Қуръон бар онҳо Китоб додаем, ба Қуръон имон меоранд. 53) Ва вақте бар онҳо тиловат шавад, мегӯянд: “Мо ба ин Китоб имон дорем. Ҳамоно он бидуни шубҳа ҳақ буда, аз ҷониби Парвардигорамон нозил шудааст. Ба дурустӣ ки мо қабл аз он мусалмон будем.” 54) Ин тоифа подошашонро ду бор дода мешаванд. Аз он, ки сабр кардаанду ба василаи аъмоли шоистаашон гуноҳони содиркардаи худро дур месозанд ва аз он чи барояшон рӯзӣ намудаем, сарф мекунанд. 55) Ва вақте ки сухани ботилро шунаванд, аз он рӯй гардонида, ба ботилкорон хитоб карда мегӯянд: “Моро подоши аъмоламон ва шуморо подоши аъмолатон аст. Аз дашном ва озори мо солим ҳастед. Мо ҳамсӯҳбатии ҷоҳилонро намеҷӯем.”)
Панду андарзҳо:
Аз ин ҳодиса бояд ба ду чиз эътибор дод:
1.Дар як вазъияти ногувор ва ҳолати вазнин, ки мусулмонон аз сар мегузарониданд, ба ҳадафи огоҳ шудан аз дини Ислом назди Паёмбар (с) омадани ин ҳайъат аз он дарак медиҳад, ки он чӣ соҳибони даъвати исломӣ дар роҳи худ аз азобу шиканҷа ва ранҷу кулфат дучор мешаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ ифодагари нокомиву шикаст намебошад ва набояд мӯҷиби заъфу ноумедӣ ва нишастамондагӣ гардад. Балки азобу ранҷ, он чунон ки гуфта шуд, роҳест, ки барои расидан ба комёбиву пирӯзӣ бояд аз он убур намуд. Ин ҳайъат, ки шумораашон зиёда аз сӣ нафар, (тибқи баъзе ривоятҳо зиёда аз чил нафар), аз насрониён буд, аз баҳр гузашта омаданд, то табаияти худро ба даъвати нав эълом доранд ва бо забони ҳол эълон кунанд, ки душманони даъвати исломӣ, новобаста аз тазйиқу фишор таъзибу шиканҷа, ки нисбат ба соҳибони даъват амалӣ мекунанд, наметавонанд онро аз бороварӣ манъ кунанд ва ё пеши роҳи онро аз паҳн шудан дар гӯшаву канори олам боз доранд.
Гӯё Абӯлаҳаб аз ин ҳақиқат дарак ёфта буд, ки осори он дар вуҷудаш ва гуфтаҳои саршор аз кинаву буғзаш, ки ба афроди ин ҳайъат нигаронида шуд, ҳувайдо буд. Вале чӣ ҳам карда метавонист? Ягона коре, ки аз дасти ӯ ва амсоли ӯ меояд, ин аст, ки азобу шиканҷаро бар сари мусулмонон бештар кунанд. Аммо масъалаи пеши роҳи даъватро гирифтан ва ё ба натиҷа додани он монеа шудан бошад, корест, ки аз имкони ӯ берун мебошад.
2.Имони афроди ин ҳайъат чи гуна имон буд? Оё аз навъи имоне буд, ки соҳибашро аз зулумоти куфр ба нур мебарорад? Зоҳиран, имонашон идомаи имони пештараашон буд. Онҳо танҳо тибқи тақозои ақида ва дине, ки пойбандаш буданд, амал карданд. Ба гуфтаи ровиёни таърих “онҳо аҳли Инҷил буданд, ки ба он имон оварда, тибқи дастури он амал мекарданд. Вақте Инҷил ба пайравӣ аз паёмбаре, ки баъди Исо (а) меояд, амр мекунаду дар бораи хусусият ва сифоти он паёмбар хабар медиҳад, идомаи имонашон тақозо мекунад, ки онҳо ба ин паёмбари нав, ки Муҳаммад (с) мебошанд, имон оранд”.
Яъне, имони онҳо ба Паёмбар (с) амалияи интиқол аз як дин ба дини беҳтари дигар набуда, балки идомаи ҳақиқати имон ба Исо (а) ва таълимоти эшон мебошад. Ин аст маънои суханашон, ки Худо аз забонашон дар Қуръон меорад:
“وَإِذا يُتْلى عَلَيْهِمْ قالُوا آمَنَّا بِهِ إِنَّهُ الْحَقُّ مِنْ رَبِّنا، إِنَّا كُنَّا مِنْ قَبْلِهِ مُسْلِمِينَ ” ] القصص/ 53 [
Яъне, “мо ба он чӣ Муҳаммад (с) даъват мекунад, пеш аз зуҳураш имон оварда мусулмон шуда будем. Зеро он аз ҷумлаи умурест, ки Инҷил низ ба имон овардан ба он даъват мекунад”. Ҳар кӣ ба таълимоти Исо (а) ва таълимоти Мӯсо (а) ба таври ҳақиқӣ пойбандӣ мекунад, бояд чунин амал кунад. Зеро имон овардан ба Инҷилу Таврот мӯҷиби имон ба Қуръону Муҳаммад (с) мегардад. Аз ин ҷост, ки Худованд ба Паёмбар (с) амр намуд, то дар даъвати Аҳли Китоб ба Ислом танҳо ба он иктифо намоянд, ки аз онҳо татбиқи он чӣ дар Инҷилу Таврот омадааст, талаб кунанд. Худованд дар ин бораи мегӯяд:
“قُلْ يا أَهْلَ الْكِتابِ لَسْتُمْ عَلى شَيْءٍ حَتَّى تُقِيمُوا التَّوْراةَ وَالْإِنْجِيلَ ]” المائدة / 68 [.
(Бигӯй: Эй Аҳли Китоб, то аҳкоми Таврот ва Инҷилро барпо надоред, шумо чизе нестед).
Ин чиз бори дигар таъкид бар он мекунад, ки дини ҳақ аз бози Одам (а) то замони Муҳаммад (с) ягона буда, якчанд намешавад ва ибораи “динҳои осмонӣ”, ки бархе истифода мебаранд, ибораи беасос мебошад.
Оре, якчанд шариати осмонӣ ҳаст, зеро ҳар шариати осмонӣ, ки ба паёмбаре омада, шариати пештараро бекор мекард. Вале набояд динро, ки пеш аз ҳама ақидаро дарбар мегирад, бо шариат, ки манзур аз он аҳкоми амалӣ мебошад, ки ба ибодоту муомилот тааллуқ дорад, омехта намуд.