Categories ХОВАР

Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид






ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/.  20 июн дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба амалисозии иҷрои бандҳои «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ва аҳамияти тарзи ҳаёти солимро барои тандурустии миллат ба назар гирифта, «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» қабул  намуда,  мавриди амал қарор дод.

Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мақсади беҳтар намудани саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, ташвиқи фаъолияти ҷисмонӣ, ғизои солим ва даст кашидан аз одатҳои зараровар амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи асосии ин барнома ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавассути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони мамлакат, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои бисёр камхарҷ ва пурсамари ҳифзи тандурустии миллат, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани нишондиҳандаҳои саломатӣ мебошад. Солимии миллат яке аз рукнҳои бисёр пуриқтидори рушду тараққии давлат аст ва аз ин рӯ тарзи ҳаёти солим аҳамияти иҷтимоию иқтисодӣ низ дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон



Манбаъ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *