Categories Хабарҳо

Чаро ҳукумати Раҳмон ба моҳвора ҳамла кард?

Пас аз ҳамлаи густурда, ки даҳҳо миллион доллар хазина мехоҳад, ба ҳукумати Тоҷикистон муяссар шуд, шабакаи навтаъсиси моҳвораии ПаёмТВ-ро масдуд кунад. Аввалин телевизиони мустақил, ғайридавлатӣ ва мухолиф, ки ба моҳвора пайваст шуда буд, ҳамагӣ баъди 5 рӯзи пахш аз моҳвораи Hotbird гирифта шуд. Ҳарчанд ҳоло пахши барномаҳои Паём аз моҳвораи Eutelsat ҷараён дорад, мардуми кишвар аз он камтар истифода мекунанд ва фарогир нашудаст.

Дар футбол бо қоидаҳои бокс

Ҳамлаи мақомоти Тоҷикистон ба расонаҳо ва маҳдудкунии озодии баён бо кор гирифтан аз роҳҳои ҷиноӣ чизи нав нест. Дар панҷ соли охир бо “пирӯзиҳои пайдарпай”-и мақомот, бахусус мақомоти амниятиву интизомӣ дар ҷанги иттилоотӣ, дар кишвар озодии баён ба сатҳи фарш поин омад ва даҳҳо расона аз фаъолият монда, рӯзноманигорони зиёде тарки кишвар карданд. 

Истифодаи июораи “пирӯзиҳои пайдарпай” ҳам аз худи мақомот аст. Аниқтараш аз раҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, ки дар “мақола”-ҳои дар васфаш навишташуда аз он истифода мешавад. Таъқибу саркӯбии камтарин садои мухолиф ва кучактарин интиқодро ӯву тимаш муборизаи иттилоотӣ меноманд ва бастани расона, ҳабси рӯзноманигору фаъоли ҷамъиятӣ, сабти навори фаҳш дар ҳақи мухолифину озодандешон ва таъсиси “Фермаи ҷавоб”-ро, ки ҳарфе ҷуз фаҳшу дашном балад нестанд, пирӯзӣ дар ин мубориза. 

Воқеъан то имрӯз мақомот тавониста буд бо кор гирифтан аз қоидаҳои бокс дар бозии футбол арса барои мухолифину фаъолону озодандешонро танг кунад ва садояшонро барои чанд сол, агар пурра хомӯш карда натавонист, аз кишвар дуртар созад. Аммо ҳар хилофкорӣ дар ҳар бозӣ ё муборизае авоқиби баде барои хилофкор дорад. Аз хилофкорӣ то замоне мешавад истифода кард, ки довар бехабар ё хоб аст. Ҳоло, ки довар, яъне мардум бедор шудааст, хилофкориҳо маълум ва ҳақиқат рӯшан шудан дорад. 

Дар асл ҳамин “пирӯзиҳои пайдарпай” ҳам, ки Ятимов даъвояшро дорад, шикастҳои пайдарпай буд. Расонаҳои мустақилу мухолиф ба сатҳе расидаанд, ки якеи онҳо аз тамоми расонаҳои ҳукуматӣ бештар хонандаву бинанда доранд ва ин фарқ бо суръат бар зарари ҳукумат меафзояд. Мақомот танҳо ҳамон зарбаи боксиаш дар футболро чун пирӯзӣ намоиш медоду голҳои хӯрдаашро мекӯшид пинҳон дорад.

Баъид нест ҳоло дар долонҳои ҳукумат, бахусус КДАМ аз пирӯзии дигарашон дар муқобили мухолифин ҳарф мезананду онро ҷашн мегиранд. Вале ин “пирӯзӣ” бо чӣ қимате ба даст омад ва чӣ қадар давом хоҳад кард?

Ҳамла ба моҳвора ё боз ба кисаи мардуму имиҷи кишвар?

Тибқи иттилоъи масъулини моҳвораи Hotbird, паразитҳое, ки шабакаи ПаёмТВ-ро тахриб карданд, шурӯъ аз 12 январ фиристода мешуданд ва 20 шабакаи мавҷуд дар як шонаро дуҷори ихтилол карда буданд. Танҳо баъди се рӯз маълум шуда, ки ҳамла болои шабакаи ПаёмТВ сурат мегирад ва баъди қатъи пахши он шабакаҳои дигар аз паразитҳо наҷот ёфтанд. Яъне паразитҳое, ки мақомоти Тоҷикистон ба моҳвора фиристоданд, ғайри ПаёмТВ 19 шабакаи дигарро дучори мушкили зиёд карданду ба пахши онҳо халал ворид сохтанд. Ҳоло масъулини ин ҳама шабакаҳо, ки аз ин ҳамла миллионҳо доллар зарар дидаанд, дар паи иски додгоҳӣ алайҳи ҳамлагарон ҳастанд. Мутмаъинан мақомоти Тоҷикистон муваззаф ба пардохти ҷаримаи ҳангуфте ҳади ақал ба ин шабакаҳо хоҳанд шуд, ки мутаассифона аз буҷа, яъне кисаи мардум гирифта мешавад. 

Аммо ин ягона масраф дар ин “пирӯзӣ” нест. Тибқи иттилоъи коршиносон дастгоҳе, ки метавонад ба моҳвора паразит фиристад, танҳо дар чанд кишвар истеҳсол мешавад ва қиматаш аз 100 то 300 миллион доллар аст. Гузашта аз ин истифодаи ин гуна дастгоҳ ғайриқонунист ва метавонад таҳримҳое дар пай дошта бошаду зарбаҳое ба имиҷи бе ин ҳам сатҳи фаршбудаи кишвар ворид намояд. Бо фарқ аз иқтисод, маориф, тиб, кишоварзӣ идораи давлатӣ ва умуман ҳама соҳаҳои дигар, ки технологияи 50 сол қабл истифода мешавад, дар масдудсозии озодии баён ва таъқиби дигарандешон, ҳукумат аз ҷадидтарин техногояҳо бо гаронтарин қимат истифода мекунад.  

Паём ҳам тасмим дорад баъди ба даст омадани ҷузъиёти бештар ба додгоҳҳои байналмиллалӣ, созмонҳои ҳуқуқи башар ва мақомоти кишварҳое, ки аз озодии баён дар сатҳи ҷаҳон дифоъ мекунанд, муроҷиъат намояд. Мо то охир пофишорӣ хоҳем кард, ки ин ҳамлаи ноҷавонмардона бе посухи ҷомеъаи байналмиллалӣ намонад.

Ҳамчунин мо ба зудӣ ба моҳвораи дигаре, ки диданаш барои мардум осонтар аст бармегардем. 

Чаро чунин риск?

Монеъагузорӣ ба фаъолияти  расонаҳо дар дохили кишвар ва масдудсозии сойтҳои мустақилу мухолиф дигар асту ҳамла ба моҳвора, он ҳам зарар расонидан ба 20 шабакаи хориҷӣ дигар. Ин аллакай ҳамлаи байналмиллалист ва посухаш ҳам дар сатҳи қонунҳои байналмиллалӣ дода мешавад. Баъид аст, ки мақомоти Тоҷикистон оқибати ин беақлиашонро надонанд, вале бо вуҷуд ба чунин риски бузург даст заданд. Чӣ онҳоро маҷбур сохт, ки танҳо барои маҳдуд сохтани як шабакаи кӯчаки навтаъсис бо имиҷи ҳукумату садҳо миллион доллар риск кунанду баҳсҳои додгоҳии байналмиллалиро ба дӯш гиранд?

Дар асл, ҳатто ҳамин як шабакаи кӯчак ва шояд бо камтарин буҷа дар дунё метавонист, аниқтараш метавонад (чун мо дастбардор нестем) тамоми “пирӯзиҳои пайдарпай”-и ҳукумат дар ҷанги иттилоотиро ба хок нишонад. Бинобар гаронии интернет ва масдуд будани бештари сойтҳои мустақилу мухолиф, мардуми кишвар дастрасии камтаре ба иттилооти алтернативӣ доштанд. Бештари хонандагону бинандагони ин расонаҳо низ дар хориҷ аз кишвар қарор доранд. Аммо телевизион вориди ҳар хонадон ё ҳади ақал 70 дарсади он дар кишвар мешавад ва иттилооти алетренативӣ дастраси ҳар хурду бузург. 

Чунин шаклгирии кор на танҳо бар зарари ҳукумат, балки мӯҳри хатми вуҷудаш мебошад. Новобаста аз гаронтарин қимати интернет дар ҷаҳон ва масдудсозии ҳамаи сойтҳо, мухолифин тавонистанд маълумотро ба мардуми кишвар бирасонанд ва Тоҷикистон шоҳиди бедории бесобиқаи шаҳрвандонаш аст. Ҳоло рӯзона даҳҳо нафар ба сафи муборизону ошкоргӯён мепайванданд. То ҷое, ки даҳҳо расонаи озоду мухолифин имкони пахшу расонидани ҳамаи онҳоро надоранд. Телевизион метавонад ин суръатро ба маротиб тезонад. 

Бо фарқ аз 3 сол қабл, ҳоло мухолифин аз ҳолати шок берун шудаанд ва созмонёфтаву ҳадафнок кор мекунанд. Иҷоза додани ҳукумат ба роҳ додани шабакаи телевизионие, ки ҳарфи мухолифинро ба мардум бирасонад баробар ба эътирофи маргаш аст, чун дар чанд моҳ он ҳама аҳромҳои дурӯғе, ки дар зеҳни мардум сохтааст, фурӯ меравад. Бузургтарин тарси ҳукумат ҳам ҳамин расидани иттилоъоти алтернативӣ ба саросари мардум аст. Ин аст, ки ҳазинаҳои ҳангуфтеро ба дӯш мегирад, то сади роҳи он шавад. 

Агар қаблан мухолифин танҳо ба интиқоди ҳукумат машғул буданд, ҳоло мубориза ҷиддитар шудааст ва барномаҳое ҳам дар бораи ояндаи Тоҷикистон ироа мешаванд. Чунин шаклгирии кор “нақшаҳо” ва силоҳҳои ҳукумат дар ҷанги иттилоотиро бесамар месозад ва дигар на “фермаи ҷавоб” ба дард мехӯраду на маҳдудсозии интернет.  

Ҳукумат метавонад аз ҷадидтарин технология барои пахши садои дигарандешону мухолифин истифода кунад, аммо дигар камтар ба дардаш мехӯрад. Чун на қонунгузориҳои байналмиллалив ва на қоидаҳои муборизаи иттилоъотӣ ба нафъаш нест.  

ПаёмТВ ҳатман ба ҳар хонадони тоҷик ворид мешавад. Аз ин “муборизаҳо”-и мақомот, ки бо ҷанги Дон Кихот бо осиёби бодӣ шабоҳат дорад, танҳо имиҷи бахокхӯрдаашу садҳо миллион масрафкардааш аз кисаи мардум барои мубориза бо худи мардум дар ёдҳо хоҳад монд. 

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *