Вакилони порлумони Қирғизистон дирӯз 20 октябр тарҳи қонунеро қабул карданд, ки «дар ҳолатҳои махсус» ба сокинони ноҳияҳои наздимарзии вилоятҳои Бодканду Ӯш додани аслиҳаи ҷангиро қонунӣ мегардонад.
Ба ҷонибдорӣ аз ин қонун 63 вакил ва зидди он 3 вакил раъй додаанд. То ин замон тарҳи қонун пушти дарҳои баста баррасӣ мешуд.
Тибқи ин қонуни қабулшуда, ба сокинони минтақаҳои наздимарзӣ иҷоза дода мешавад, ки ихтиёран дар ҷангҳо ширкат кунанд ва ҳамчунин гирифтани силоҳ ба онҳо мумкин мешавад.
Тасмими додани силоҳ ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Қирғизистон, пас аз муноқишаи охир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад.
Дар ин муноқиша аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Коршиносон дар Тоҷикистон гуфтанд, додани силоҳ ба сокинони наздимарзӣ метавонад, боиси хунрезии бештар шавад.