Австралия ва Ҷопон барои муқобила бо нуфузи афзояндаи Чин дар минтақаи Осиё ва Уқёнусия як паймони амниятӣ имзо карданд. Ин ду кишвар бо ҳамкории наздики амниятӣ мехоҳанд дар баробари таҳдидоти Чин муқобила кунанд.
Энтони Албаниз, нахуствазири Австралия ва Фумио Кисида, ҳамтои ҷопонии ӯ рӯзи шанбе 22 октябр дар шаҳри Перти Австралия тавофуқ карданд то равобити амниятии дуҷонибаро тақвият кунанд.
Нахуствазири Австралия пас аз имзои тавофуқномаи амниятӣ бо Ҷопон гуфт: “ин тавофуқномаи муҳим паёми маҳкаме дар мавриди мавқеъгирии стратегии мо ба минтақа ирсол мекунад.”
Фумио Кишида, нахуствазири Ҷопон низ бидуни ном бурдан аз Чин ё Кореяи шимолӣ иброз дошт, ки ин тавофуқ посухи роҳбурдӣ ба душвориҳои афзоянда аст.
Паймони амниятии Австралия ва Ҷопон заминаро барои ҳамкории бештар дар ҳавзаи дифоъӣ ва табодули иттилоот фароҳам мекунад. Манёврҳои низомии муштарак миёни ду кишвар низ барномарезӣ шудааст.
Ду кишвар қаблан дар соли 2007 низ як тавофуқномаи ҳамкории амниятии аввалияро имзо карда буданд, замоне, ки зуҳури Чин ҳанӯз камтар нигаронкунанда буд. Бо ин ҳол, аз он замон то кунун ҳазинаҳои дифоъии Чин беш аз чаҳор баробар шудааст.
Дар соли 2006 танҳо 22 фарванд ҳавопаймои низомии Чин дар ҳарими ҳавоии Ҷопон раҳгирӣ шудааст дар ҳоле, ки ин рақам дар соли гузашта ба 722 маврид расид.
Кисида бо Албаниз аз замони интихоби давлати ҷадиди Австралия дар моҳи май чаҳор бор дидор кардааст.
Ин ду ҳамчунин аз ҳамкории бештар дар заминаи маодин, муҳити зист ва энержӣ низ ҳимоят карданд. Ҷопон яке аз харидорони муҳими гази Австралия аст ва қасд дорад дар оянда дар тавсеаи хокҳои камёб дар Австралия мушорикат дошта бошад.
Хокҳои камёб барои сохти бисёре аз маҳсулот бо технологии боло аз ҷумла сохти турбинаҳои бодӣ ё худравҳои барқӣ мавриди ниёз ҳастанд.
Чин дар ҳоли ҳозир дар ин арса дар сатҳи ҷаҳон тасаллут дорад. Ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Пекин мумкин аст ба далоили сиёсӣ арзаи онро дар оянда коҳиш диҳад.