Рубрики Хабарҳо

БМТ: сабаби бӯҳрони бонкӣ фаъолияти якҷояи хешовандон аст

Бонки миллии Тоҷикистон даъво кардааст яке аз сабабҳои бӯҳрон дар соҳаи бонкдории кишвар фаъолияти якҷояи хешовандони наздик дар сохторҳои ин система мебошад. Тағйироту иловаҳо воридшуда ба қонун “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”-ро ҳам ин ниҳод ба пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти хешовандони наздик дар бонкҳои кишвар рабт додааст. 

Тағйироту иловаҳо ба ин қонунро 7 август раисҷумҳур имзо кард.

Дар шарҳи тағйироту иловаҳо ба қонун дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) , ки яке аз сабабҳои ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани бонкҳои муаммодор ва барҳам хӯрдани аксарияти ташкилотҳои қарзӣ ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки мувофиқи тағйироти қабулшуда ба қонунгузорӣ, акнун ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда ва аъзои шӯрои нозирони бонкҳо будани хешовандони наздик манъ мешавад.

Хешовандони наздик тибқи қонун зан (шавҳар), фарзандон, падар, модар, бародарон, хоҳарон, набераҳо, инчунин падару модар, бародарону хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), волидони ҳамсарон, қудоҳо, келин, домод, ҷиянҳо ва дигар шахсоне, ки ҳамроҳ зиндагӣ ва рӯзгори умумӣ доранд маҳсуб мешаванд.

Гуфтанист дар натиҷаи бӯҳрони соҳаи бонкдорӣ 2 бонки сиситемасози кишвар — “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк”, ҳамчунин “Фононбонк” муфлис шуда, дуи охир барҳам дода шуданд. “Агроинвестбонк” дар вазъияти душвори молиявӣ қарор дошта, фаъолияташ тақрибан қатъ карда шудааст.

Бӯҳрон ба он оварда расонд, ки шумори ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон тайи 4 соли охир ба сурати умум қариб 2 баробар кам шуд, аммо бонкҳои мутааллиқ ба хонаводаи раисҷумҳур ба бонкҳои асосии кишвар табдил шуданд.

То оғози буҳрон дар низоми бонкӣ дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ 137 ташкилоти қарзӣ фаъолият дошта, айни замон шумори онҳо то 71 ташкилот кам шуд.

Бино ба маълумоти Бонки миллии ҷумҳурӣ, ҳоло дар Тоҷикистон ҳамагӣ 18 бонк, 20 ташкилоти амонатгузории қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 28 фонди қарзии хурд амал мекунанд.

58 ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор доранд.

Ба ҳамин монанд қонунҳо дар соҳаҳои дигар низ қабул шудаанд, аммо дар ҳеҷ кадоме аз онҳо фаъолияти якҷояи хешовандон на танҳо камтар нашудааст, балки афзоиш ёфтааст. Умдатарин намунаи фаъолияти якҷояи хешовандон дар сатҳи болои ҳукумат аст, ки ду фарзанди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳаш фаъолият мекунанд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *