Мушовири калони фармондеҳи Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, генерал-майор Холбаш Холбашев ҳукми абади маҳрумият аз озодӣ гирифт. Баъди ин ҳукм ӯ аз Боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол дода шудааст, аммо ба куҷо, то ҳол маълум нест. Дар ин бора Pamir Dayli News хабар медиҳад.
3 августи соли ҷорӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе мурофиъаи додгоҳии мушовири калони фармондеҳи Нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, генерал-майор Холбаш Холбашев шурӯъ шуд.
Ҳамроҳ бо ӯ 70 нафари дигар дар парвандаи маъруф ба “Парвандаи Рӯшон” ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Бештари онҳо ба 1,5 то 18 соли зиндон маҳкум гаштанд.
Ба Хобаш Холбашев бо 11 моддаи Кодекси чиноии Тоҷикистон иттиҳом баста буданд.
Мурофиъаи додгоҳӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифт. Наздикони боздоштшудаҳоро ба мурофиъа роҳ надоданд.
Манобеъи расона аз Боздоштгоҳи муваққатӣ иттилоъ додаанд, ки Холбаш Холбашев ва тақрибан 20 нафраи дигар дар қафас ҷой дода шуда, дигарон назди қафас рост меистоданд.
Гуфта мешавад дар парванда раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев ва ҷонишини ӯ Лайло Чоршанбиева ба ҳайси шоҳид ширкат мекунанд.
Қаблан Додгоҳи Аврупо дар қафас нигоҳ доштани нафареро, ки ҳанӯз аз ҷониби додгоҳ гунаҳкор эътироф нашудааст, таҷовуз ба фарзияи бегуноҳии ӯ номида буд.
Наздикони муттаҳамшудаҳо ва маҳкумшудаҳо аз иттиҳомоте, ки алайҳи онҳо зада шудааст дарак надоранд.