Сайр дар Нерӯгоҳи атомии вайроншудаи Чернобил дар Украина барои сайёҳон иҷоза шуд ва касоне, ки сину солашон аз 18 сола боло аст, метавонанд бо пардохти маблағ, аз тамоми бахшҳои ин нерӯгоҳ дидан кунанд.
Тавре вебгоҳи хабар додааст, сайёҳон метавонанд аз тамоми бахшҳои нерӯгоҳ ҳатто бахшҳое, ки бар асар инфиҷор нобуд шуда буд, боздид кунанд.
Ҳаддиақали сини боздидкунандагон бояд 18 сол бошад ва сайёҳон пас аз боздид, маҷбурӣ мавриди бозбинӣ ва санҷиши вазъи саломатӣ қарор мегиранд ва ба онҳо гувоҳии саломат дода мешавад.
Ҳодисаи инфиҷор дар реактори рақами чаҳори нерӯгоҳи атомии Чернобил, субҳи 26 апрели соли 1986 рух дод ва шӯълаи рангинкамоне ба баландии ҳазор метр, осмони Украинаро равшан кард, ки ҳатто сабаби фаввораи абрҳои атомӣ ба фазо шуд.
Ин ҳодиса боис шуд, ки ҳазорҳо нафар куштаву заҳролуд шаванд ва як минтақаи бузург бо пешрафтатарин таҷҳизоти атомӣ ва як шаҳри вижае, ки бо имконоти васеъ барои коркунони ин неругоҳ бунёд ёфта буд, ғайриқобили истифода гардид.
Минтақаҳои ҳудуди нерӯгоҳи атомии Чернобил ба далели вуҷуди партовҳо ва олудагиҳои шадиди радиоактивӣ барои 20 ҳазор сол ва минтақаҳои атрофи он ҳам ҳадди ақал барои се ҳазор сол ғайриқобили сукунат ташхис дода шудааст.
Ин воқеа бо зарари беш аз 200 миллиард доллар, пурхарҷтарин ҳодисаи таърих башумор меравад.