Categories Хабарҳо

СММ хостори иқдоми фаврӣ алайҳи бӯҳрони озуқа шуд

Бахши озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) аз афзоиши шадиди камбудии ғизо дар ҷаҳон ҳушдор дод. Дар ин бора дар вебсайти ин созмон иттилое нашр шудааст.

Барои маълумот: ФАО Созмони озуқа ва кишоварзии СММ аст, ки вазифаи аслии он мубориза бо гуруснагӣ мебошад. ФАО ҳамчун форуме амал мекунад, ки дар он кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққӣ дар заминаи баробар қарорҳои сиёсиро дар соҳаи амнияти озуқаворӣ баррасӣ мекунанд ва ба мувофиқа мерасанд.

Дар гузориши Шабакаи мазкур омадааст, ки шумораи одамоне, ки бо ноамнии шадиди ғизо мувоҷеҳ шудаанд, солона тақрибан 40 миллион нафар афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин санад, дар соли 2021 дастикам 193 миллион нафар дар 53 кишвари ҷаҳон дар натиҷаи ҷангу низоъҳо, таконҳои иқтисодӣ ва ҳаводиси шадиди вобастаи обу ҳаво зери хатари гуруснагӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар миёни 53 кишвари аз ҳама бештар осебдида Ҷумҳурии Демократии Конго, Эфиопия, Яман ва Афғонистон ҳастанд, ки дар онҳо миллионҳо нафар аз гуруснагӣ азоб мекашанд.

Директори иҷроияи Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид Дэвид Бизли гуфт: «Гуснагии шадид ба сатҳи бесобиқа меафзояд ва вазъи ҷаҳонӣ то рафт бадтар мешавад. Муноқишаҳо, ҳаводиси вобастаи иқлим, шуйӯи COVID-19, болоравии нархи маводи ғизоӣ ва сӯзишворӣ тӯфони комилеро ба вуҷуд оварданд ва ҳоло ҷанг дар Украина фалокатро шадидтар мекунад. Ба мо ба таври фаврӣ маблағе лозим аст, то ҳар чӣ барвақттар онҳоро аз варта берун орем ва ҷараёни бӯҳрони ҷаҳониро тағир диҳем ”

Қаблан Дэвид Бизли аз муассиси SpaceX ва Tesla Илон Маск даъват карда буд, ки дар ҳалли мушкилоти гуруснагӣ дар ҷаҳонро қӯмак кунад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *