Рубрики Хабарҳо

Махсуми Абдусаттор аз баногӯшаш тир хӯрда буд (Аксҳо)

Дар баногӯши Каримов Саттор, маъруф ба Махсуми Абдусаттор, ки дар фоҷеъаи зиндони Ваҳдат кушта шуд, асари тирхӯрдагӣ дида мешуд. Дар ин бора як манбаъи мӯътамади Паём, ки дар ҷанозаи ӯ ширкат дошт ва ҳангоми ивази кафан ҷасади ӯро дидааст, хабар дод.

Манбаъ хабари қаблии сар бурида шудани Махсумро рад кард ва гуфт танҳо асари тир ва асари ду зарба бо арматур ё ягон ҷисми моананд ба онро мушоҳида кардааст.

Дар яке аз ду акс ҳам, ки дастраси Паём шуд, дар гӯши чапи Махсуми Абдусаттор асари захм мушоҳида мешавад. Зоҳиран мақомот хостаанд бо паҳни хабари сар бурида шудани Махсуми Абдусаттор ва Эшони Қиёмиддин гузинаи ошӯби тарафдорони Доишро қувват диҳанд.

Ҳамчунин тибқи гузориши сойти Ахбор, мақомоти милиса писари 20-солаи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимовро нимаи дуюми рӯзи 20 май дар қабристони зодгоҳаш – деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб бидуни намози ҷаноза ба хок супурдаанд ва ба наздикони ӯ имкони видоъ бо Беҳрӯзро надодаанд. Аммо ҷасади Фахриддин Ҳалимовро рӯзи 20 май барои гӯручӯб наовардаанд.

Надодани қисмате аз ҷасадҳо, бидуни нишон додан ба наздиконашон гӯронидани баъзеи дигар, дурӯғгӯи дар бораи кушта шудани се нафари маъруф аз тарафи ҷонибдорони Доиш ва дигар баёнияҳои зиддунақизи мақомот шубҳаҳоро оиди рост будани даъвоҳои онҳо бештар мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *