Тазоҳуроти эълоншуда аз тарафи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ одар Берлин, пойтахти Олмон, рӯбарӯи Бундестаг — парлумони Олмон оғоз шуд.
Қисме аз тазоҳргарон ба ба назди Бундестаг расиданд ва тазоҳуроти худро шурӯъ карданд. Темур Варқӣ, узви Шӯрои Анҷуумани озодандешони Тоҷикистон ва Шӯрои сиёсии Паймони миллии Тоҷикистон дар он суханронӣ намуд.
Варқӣ гуфт, ки таъқиби саросарии мухолифон ва бастани роҳи гуфтугӯи сиёсӣ дар Тоҷикистон боис шудааст ҷавонони зиёде даст ба ифротгароӣ зананд ва ба гурӯҳҳои ифротӣ дар кишварҳои ҷангзада пайвананд.
Чанд лаҳза қабл Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон низ ба тазоҳургарон пайваст ва суханронӣ намуд.
Ҳамчунин дар ин гирдиҳамоӣ Шамсиддини Саид, узви Раёсати олии ҲНИТ ва Абдушукур Маннонов, фарзанди зиндонии сиёсӣ Қурбон Маннонов, ки дар зиндон кушта шуд, суханронӣ намуданд.
Бинобар суст будани интернет дар назди Бундестаг пахши мустақими он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мушкил рӯбарӯ шудааст.
Паём аз ҷараёни ин гирдиҳамоӣ ба гузориши мустақими хаттиву аксии худ идома хоҳад дод. Онро ҳаминҷо пайгирӣ кунед.