Қатар бо имзои қарордоди 27 сола, ки тӯлонимуддаттарин қарордоди таъмини газ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, таъмини гази табиии моеъи (LNG) мавриди ниёзи Чинро ба дӯш гирифт.
Бар пояи ин қарордод, ки рӯзи душанбе миёни ширкати “Қатар энержӣ” ва “Синопек”-и Чин имзо шуд, ширкати давлатии Қатар солона чаҳор миллион тонн LNG ба Чин содир хоҳад кард. Мутобиқи эъломи Саъд Шариди Каъбӣ, вазири энер;ии Қатар, гази содиротӣ ба Чин аз маҳалли майдони Гунбади шимолӣ, ки бо Эрон муштарак аст ва дар ин кишвар ба Порси ҷанубӣ шӯҳрат дорад, таъмин хоҳад шуд.
Қатар ахиран барои афзоиши беш аз 60 дарсади тавлиди LNG аз майдони Гунбади шимолӣ то соли 2027, пружаи 28 миллиард доллариро бо ширкатҳои аврупоӣ ва амрикоӣ имзо кардааст.
Чин, Ҷопон ва Кореяи ҷанубӣ ҳамеша муҳимтарин бозори гази содиротии Қатар будаанд. Албатта кишварҳои аврупоӣ низ аз 9 моҳи гузашта ва дар пайи таҳоҷуми низомии Русия ба хоки Укроин, ки мунҷар ба уфти содироти газ аз сӯи Маскав ба бозорҳои аврупоӣ шуд, ба муштариёни гази Қатар афзуда шудаанд. Ба тавре, ки Қатар наздик ба шаш моҳи пеш эълом кард, ки Олмон дар чаҳорчуби тавофуқи баландмуддат бо ин кишвар дар назар дорад раванди сохти ду поёнаи гази табиии моеъ (LNG)-ро суръат бахшад.
Қатар дар канори Иёлоти муттаҳида ва Австралия аз ҷумлаи бузургтарин тавлидкунандагон ва содиркунандагони гази табиии моеъ дар ҷаҳон ба шумор меравад.