Рубрики Хабарҳо

Ҳузури туркзабонҳо дар аотиши Укроин. Оё тоҷикон ҳам ҳузур доранд?

Дар шабакаҳои иҷтимоъӣ наворе пайдо шудааст, ки аз таъсиси аввалин баталйони туркзабонҳо дар Укроин аз ҷониби шаҳрванди Қирғизистон Алмаз Қудабек уғлу ҳикоят мекунад. Дар ҳамин ҳол, коршиносони укроинӣ ин амрро баъид медонанд ва мегӯянд шояд ин гурӯҳи туркзабонҳо шомили кадом баталйони укроинӣ ё ҳади аксар чеченӣ ҳастанд. То кунун танҳо аз вуҷуди баталйонҳои чеченӣ ва тоторӣ хабарҳо расонаӣ шуда буданд.

Алмаз Қудабек уғлу дар навори нашршуда раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раҳбари Чеченистон Рамзан Қодировро муттаҳам мекунад, ки зери пардаи «амалиёти махсус» дар Украина «наслкушии воқеии аҳолии туркзабони ин кишвар»-ро ба роҳ мондаанд.

Қудабек уғлу аз Қодиров талаб мекунад, ки «барои рупуш кардани ҷиноятҳои худ дар Украина аз дини муқаддаси Ислом суистифода накунад» ва ваъдаи то охир ҷангидан бо режими Путинро медиҳад. Ӯ ҳамроҳонашашро, ки аксар ниқобпӯшанд туркзабонҳо муаррифӣ мекунад ва дар охир мегӯяд «зинда бод Тӯрон».

Михаил Ситник, коршиноси укроинӣ, ки ҳузури хориҷиён дар ҷанги Русияву Укроинро пайгирӣ мекунад, ба таъсиси кадом баталйоне бо шубҳа менигарад. Ӯ ба Паём гуфт «таъсиси баталйони кадом миллате кор осон нест. Барои ин қонунҳои Укроин тақрибан иҷоза намедиҳанд. Яъне имконаш ҳаст, аммо бисёр мушкил аст».

Ба гуфтаи ӯ вуҷуди баталйони чеченӣ ба расман шинохта шудани ҳукумати Аҳмад Закаев дар Ичкерия (Чеченистон) бармегардад. «Укроин ҳукумати Ичкерияро расман мешиносад ва ин баталйон ба ин ҳукумату ба Ичкерия таъаллуқ дорад, ки масъулияташ ҳам ба дӯши онҳост. Аммо ҳеҷ кишваре турке расман хостори вориди ҷанг шудан бо Русия аз ҷониби Укроин шудааст».

Аммо вуҷуди баталйони тоторҳоро ӯ амри оддӣ меҳисобад. «Артиши Укроин иҷоза медиҳад мусалмонон дар як ҳанг, баталйон ё гурӯҳ ҷамъ шаванд, то иҷрои масъулиятҳои диниашон осонтар бошад. Тоторҳои Крим ҳам, ки ҳамагӣ шаҳрванди Укроин ҳастанд, хостори ҳузур дар баталйони алоҳида шудаанд, ки ҳеҷ ҷои таъаҷҷуб надорад. Дар баталйони онҳо миллатҳои дигари мусалмони Укроин низ ҳузур доранд».

Навори ҷангҷӯи қирғизро ӯ чунин шарҳ дод, ки «бо гумони ғолиб аксари онҳо туркзабонҳоеянд, мисли қирғизҳову узбекҳо, ки шаҳрвандии Укроинро доранд. Шояд онҳо дар як ҳанг (полк) ё баталён якҷоя хизмат мекунанд. Аммо ҳеҷ гуна баталйони махсуси туркӣ вуҷуд надорад.»

Дар посух ба суоли Паём дар бораи ҳузури тоҷикон Ситник гуфт «ман аз ҳузури тоҷикони шаҳрванди Укроин хабар дорам. Дар аввали ҷанг дар Харков даҳҳо нафар тоҷик силоҳ гирифта аз ватани навашон ҳимоят мекарданд ва ҳатто дар як гурӯҳ қарор доштанд. Баъди боқӣ намондани зарурат ба гурӯҳҳои дифоъӣ қисме аз онҳо ба зтиндагии ососишта баргаштанд, қисме дар артиш боқӣ монданд.»

Як тоҷики муқими Киев ба шарти зикр нашудани номаш ба Паём гуфт, ки замони ҳамлаи Русия ба пойтахти Укроин ба гурӯҳҳои дифоъи пайваста буд ва се моҳ онҷо боқӣ монд. Ӯ ҳарфҳои коршиноси укроиниро тасдиқ кард ва гуфт, ки «ману рафиқам, ки ӯ ҳам тоҷик аст, аввал ҳамроҳи укроиниҳо будем. Баъд дарак ёфтем, ки гурӯҳи мусулмонҳо вуҷуд дорад. Дархост кардем моро ба онҷо гузаронанд. Онҷо ба ҷуз тоторҳои Крим, чанд миллати дигари мусалмон аз ҷумла 4 тоҷик ҳузур доштанд. Дар наздикии масҷид пойгоҳ дода буданд ва намозҳоямонро онҷо адо мекардем. Моро бо хӯрокҳои ҳалол таъмин мекарданд».

Дар бораи Алмаз Қудабек уғлу, ки аз таъсиси баталйони туркӣ хабар додааст, маълумоти зиёд мавҷуд нест. Гуфта мешавад, ки вай аз 24 феврал дар амалиёти ҷангӣ аз ҷониби Укроин ширкат мекунад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки қабл аз оғози даргириҳо дар Укроин ӯ дар Русия мардикорӣ мекард.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки сафорати Қирғизистон дар Украина бо ӯ тамос барқарор карда, пешниҳод кардааст, ки ба ватанаш баргардад. Аммо Худойбек уғлу рад кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *