Қарор аст, касри буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли оянда аз ҳисоби маблағҳои хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ, қарзу бурсҳои созмонҳои байналмилалии молӣ пӯшонида шавад.
Тибқи иттилои Вазорати молияи ҷумҳурӣ, касри умумии буҷаи давлатӣ барои соли 2023 дар ҳаҷми 0,8% аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ё 1 миллиарду 30 миллион сомонӣ, ҳудуди беш аз 98 миллион доллар муқаррар шудааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи пешбиниҳо, даромад аз хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ 32 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аммо даромади асосӣ барои пӯшонидани касри буҷаи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ, ҷалби қарзу грантҳои созмонҳои молии байналмилалӣ ва даромад аз фурӯши векселҳои хазинадорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар назар аст, ки барои дастгирии буҷа аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷаи ҷумҳуриявӣ, қарзу бурсҳои созмонҳои байналмилалии молӣ ҷалби беш аз 620 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Қарор аст, аз фурӯши векселҳои хазинавӣ барои таъмини буҷаи давлатӣ 100 миллион сомонӣ ҷудо шавад.
Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии даромади буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 37 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаҳои хароҷоти буҷаи давлатӣ беш аз 38 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил медиҳанд.