Бо вуҷуди эъломи мамнуъияти або дар мактабҳои Фаронса, сешанбе ҳудуди 300 донишомӯз бо ин пӯшиш дар мактабашон ҳозир шуданд.
Пас аз мухолифати макатабҳо, беш аз 200 донишомӯз бо тағйири пӯшиш мувофиқат карданд, аммо 67 донишомӯзи дигар бо сарпечӣ аз он ба хонаҳояшон фиристода шуданд.
Габриэл Аттал, вазири омӯзиш ва парвариши Фаронса дар панҷуми сентябри имсол эълом кард, ки дар соли ҷадиди таълимӣ, аборо дар мактабҳо мамнуъ мекунад.
Або, либоси кушод, баланд ва ғолибан сиёҳранги арабӣ аст, ки бархе аз занони мусулмон мепушанд ва аз назари ҳукумати Фаронса як пӯшиши мазҳабӣ ва мухолифи асли қабулшуда дар низоми омӯзишии ин кишвар аст.
Ин тасмими ҳукумат мавҷе аз мувофиқатҳо ва мухолифатҳоро байни ҷиноҳҳои росту чапи Фаронса барангехтааст.
Эммануил Макрон, раисҷумҳури Фаронса бо дифоъ аз ин иқдом гуфта, ки “ақаллияте дар Фаронса як динро ба гаравгон гирифтаанд ва дар дар пайи онанд то секулоризм ва ҷумҳуриятро ба чолиш бикашанд.”
Бо ин ҳол, ба рағми мамнуъияти пӯшиши динӣ, дирӯз даҳҳо донишомӯзи духтар бо пӯшиши або вориди мактабҳо шуданд.
Габриэл Аттал рӯзи сешанбе гуфт, ки “ҳудуди 300 донишомӯзи духтар субҳи имрӯз бо сарпечӣ аз мамнуъияти пӯшиши або ба унвони як намоди мазҳабӣ, бо ин либос зоҳир шуданд.”
Ба рағми ин ки беш аз 200 донишомӯз бо тағйири пӯшиши або мувофиқат карданд, аммо 67 донишомӯзи дигар бар мавзеъашон боқӣ монданд.
Вазири омӯзиш гуфт, ки ин донишомӯзон ҳамроҳ бо номае бо мӯҳтавои “секулоризм маҳдудият нест, озодӣ аст” ба хонаҳояшон фиристода шуданд.
Ӯ дар тавзеҳи далели мухолифати худ бо мамнуъияти або мегӯяд, ки “ҳеҷ фард набояд бо пӯшидани либосе вориди синф шавад, ки нишон диҳад дини ӯ чист.”
Анҷумане ба намояндагӣ аз мусулмонони фаронсавӣ, дархостеро ба Шӯрои давлатии Фаронса, барои шикоят аз мақомоти давлатӣ мабнӣ бар мамнуъияти або, таслим кардааст.
Бо ин ҳол Аттал мегӯяд, ки барои татбиқи мамнуъияти пӯшиши динӣ дар мактабҳо, дар авохири имсол як ҷадвали замониро ба мактабҳо барои иҷрои озмоиши униформҳо барои донишомӯзон ироа хоҳад кард.
Униформ (либоси ягона) аз соли 1968 бад-ин су дар мактабҳои фаронсавӣ иҷборӣ набуда, аммо ҳамвора меҳвари баҳсҳои сиёсӣ қарор гирифтааст.