Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: Коваҳо зиёданд, аммо миллат омодаи ҳимоят аз Коваи оҳангар нест

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯи мустақимаш бо мардум, ки шоми дирӯз баргузор шуд, ба масъалаи боздошҳои ахир пардохт ва дидгоҳаш дар ин бораро баён кард. Ӯ ҳамчунин ба тафири ин, ки чаро ин боздоштҳо сурат мегиранд, кай ба итмом мерасанд ва чӣ бояд кард пардохт, шакли ихтисоршудаи онро манзури хонандагони “Паём” месозем:

То кай идома мекунад?

Ин охири кор нест ва идома мекунад. Ин суол, ки дигар касе барои боздошт шудан боқӣ намонд дуруст нест, аз 10 млн ҳатман пайдо мешавад.

Дар ин боздоштҳо ҳама гунаҳкоранд, аммо гуноҳи масъулини ҳукумат ва раҳбарон, аз ҷумла роҳбарони мухолифин бештар аст. 

Ҳукми ҳабси Абдуқодири Рустам, Абдухалил Холиқов ва модари Дилшод Саимуродов, ҳукми зиндонӣ кардан, таҳқир кардани миллат аз тарафи Раҳмон ҳанӯз 10-15 сол пеш содир шуда буд.

Ин ҳукм умумӣ аст ва ҳоло 10 млн инсон бояд мунтазир нишинанд, ки навбаташон кай фаро мерасад.

Баъди он ки Раҳмон як-ду маротиба санҷид, ки миллат барои адолат ва ҳақиқат талош хоҳад кард ё не ба ин натиҷа расид, ки ин мардум ҳанӯз миллат нашудааст, як қавм аст ва инҳоро хеле осон мешавда ба минтақа, гурӯҳ, қишр ҷудо кард ва ҳар қишреро алоҳида заъиф кард ва аз байн бурд.

Аввалин иштибоҳи мардум ва мухолифин

Аввалин иштибоҳро мо он вақт кардем, ки Раҳмон чанд ҳизби сиёсии хурдро аз байн бурд, аз ҷумла ҳизби “Тараққиёти Тоҷикистон”-и Султон Қувватро. Муовинаш Рустам Файзиевро зиндонӣ крад ва ӯ дар зиндон кушта шуд. Ҷомеъаи Тоҷикистон ин ҷинояти Раҳмон алайҳи як ҳизбро, ки иттифоқан аз Кӯлоб буд, нодида гирифт. Аз он ҷумла мо мухолифин. 

Имрӯз бо камоли масъулият ва эътирофи ҳақиқати талх мегӯям, ки Раҳмон аввал ҳизби “Тараққиёт” ва баъд аз он ҳизби демократро аз байн бурд. Маҳмадрӯзӣ Искандаровро соли 2003 ҳабс карданд ва соли 2005 оварда ба 23 сол зиндон карданд ва ҷомеъа инро хеле хомӯш фурӯ бурд, аз ҷумла мухолифин ва зиёиён.

Баъдан шурӯъ шуд, Ҳизби Тоҷикистони Нав, латукӯби рӯзноманигороне мисли Раҷаби Мирзо, Далер Шарипов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадалӣ Ҳайит баъд Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон. Тамоми қишрҳои ҷомеъаи Тоҷикистон хомӯш буданд ва мегуфтанд “ба ман чӣ, ба ман ки дахл надорад”.

Ҳатто вақте Раҳмон ба Помир дар соли 2012 лашкар кашид, тамоми минтақаҳои дигари Тоҷикистон хомӯш будем, ҳатто оппозитсияи Тоҷикистон хомӯш меистод.

Он ваҳдати миллӣ, ки фарқ надорад ин помирӣ аст, кӯлобӣ аст, наҳзатӣ, мулло, рӯшанфикр ё тоҷир аст, шаҳрванди Тоҷикисистон ва як инсон аст ва набояд таъқиб шавад, вуҷуд надошт. Ин мавқеъ он замон ҳам вуҷуд надошт ва имрӯз ҳам вуҷуд надорад. 

Абдуқодири Рустам имрӯз ҳабс нашуд, балки замоне ҳабс шуд, ки Рустам Файзиев, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, мардуми Помир зери тиру туфанг қарор гирифт, Сабзалӣ кушта шуд, Имомназар кушта шуд, Ҳизби наҳзат баста шуд, рӯзноманигорон ҳабс шуданд. Ин силсила идома кард ва билохира имрӯз расид ба модару зани фарзанди мардум.  

Мо билохира ба ин натиҷа бирасем, ки дигар ба думболи ин ки кӣ хато карду кӣ гунаҳкор аст нагардем, балки ба ин дарк бирасем, ки Раҳмон як мошини репрессивӣ, як ғӯли инсонхӯрро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, ки бояд ҳар замон инсон ё гурӯҳеро қурбон кунад. Зеро агар ин мошин инсон нахӯрад, гурӯҳеро қурбонӣ накунад, Раҳмон фикр мекунад, ки раҳбарияш, қудраташ заъиф шуда истодааст. Бояд ҳамеша миллатро дар ҳолати тарсу нигаронӣ ва фишор нигаҳ бидорад. Ва мо ҳам мунтазиру тамошобин. 

Мебинем ҳизбҳоро тамом кард, рӯзноманигорону блогерон тамом шуданд, тоҷирони муваффақро чӣ оппозитсионӣ ва чи ғайрисиёсӣ мисли Маъруф Орипов, молики  “Орима”, Зайд Саидов ва ғайра тамом шуданд. Сиёсатмадорон, рӯзноманигорон, зиёиён, озодандешон тамом шуданд. Алъон дар Тоҷикистон ки монд?  Пиразанҳо, мактаббачаҳо, мансабдорону гурӯҳи “Авангард” ва як гурӯҳе ба истилоҳ “рӯшанфикрон”-и хомӯш. 

Морони Эмомалӣ Раҳмон тоҷики мағздор меҷӯянд

Аммо ин мошини репрессивӣ бояд кор кунад. Навбат ба рӯшанфикрони хомӯш расид ва кам-кам ба боқимондаҳо ҳам мерасад. 

Мо аз гузаштаи худ ибрат нагирифтем. Агар мегирфитем ҳамон достони Заҳҳок ва Коваи оҳангар кофӣ буд. 

Мо ҷавоби ин саволро, ки чаро Абдуқодири Рустам зиндонӣ шуд, бояд дар достони Заҳҳоку Коваи оҳангар ҷустуҷӯ кунем.

Заҳҳоки замони мо Эмомалӣ Раҳмон аст.

Коваи оҳангари замони мо ҳамон рӯзноманигор, сиёсатмадор, генерал, деҳқон, дуредгар ё мисли Кова як оҳангар аст.

Мори Заҳҳок мор мехӯрд ва морони Раҳмон ҳам имрӯз тоҷикони мағздорро шикор мекунад. Ҳамаи тоҷирро кордор нест, тоҷири мағздорро шикор мекунад мисли Маъруф Орипов ва Зайд Саид, ҳамаи шоиру нависандаро кордор нест, шоиру нависандаи мағздорро шикор мекунад, мисли Абдуқодири Рустам. Ва ҳамаи журналистро ҳам кор надорад, Тоҷикистон журналист зиёд дорад, аммо дар зиндон журналистону блогерони мағздор нишастаанд. Сиёсатмадору мулло ҳам зиёд дорем, аммо зиндон пури сиёсатмадору муллои мағздор шудааст.

Ҳар касе ки фикр мекунад мағз дорад, бояд бидонад, ки дер ё зуд қурбонии ин Заҳҳок хоҳад шуд.  Магар  ин ки мағзашро гираду ҳиҷрат кунад ва ё дар хидмати Заҳҳок қарор диҳад. Аммо навбати онҳо ҳам мерасад — замоне ки мағзҳои дигар тамом шуданд. 

Чӣ бояд кард?

То замоне, ки миллат масъалаи маҳал, қишр ва гурӯҳиро канор намегузорад, намегӯяд, ки, помириро заданд ба ман чи ман кӯлобиям ё зарафшониям. Намегӯяд наҳзатиро заданд ба ман чи, шоирро заданд ба ман чӣ. То ба ин натиҷа намерасад, ки фарқ надорад ин мулло буд, рӯзноманигор, сиёсатмадор ё тоҷир буд, ӯ билохира инсон буд, нисбаташ зулм шуд ва вазифаи ман ин аст ки аз ӯ дифоъ кунам. Агар мо ба рӯзе ба ин натиҷа расидем, пас бидонед, ки ин рӯзи аввали раҳоии миллат аст. 

Кова имрӯз кист? Ҳар шаҳрванди тоҷик, фарқ надорад аз чи қишрест, генерал аст, сиёсатмадор аст, рӯзноманигор аст, зиндонӣ аст, ҳатто як ҷинояткорест, ки худаш ҷиноят карда, аммо нисбаташ зулм шудааст ва мехоҳад худашро дар пеши миллат сафед кунад. Ё як генерал ё сарҳанге, ки дар хидмати Заҳҳок будасту ҳоло пушаймон шуда ва мехоҳад гуноҳонашро бишӯяд. Ҳар каломи шумо метавонед нақши Коваро иҷро кунед.

Аммо мутмаъин бошед, то замоне ки худи миллат бедор нашавад, даҳ Кова ҳам пайдо шавад, қурбонии ҳамин Заҳҳок хоҳад шуд. Шӯриш, хезиш ва инқилоби Кова замоне муваффақ шуд, ки миллат дар замони Коваи оҳангар омадаи пуштибонӣ аз ӯ буд.

Восеъ дар ҳамин минтақаи Кӯлоб алайҳи зулм шӯриш кард, аммо чаро муваффақ нашуд? Барои он ки мардум на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки дар тамоми Аморати Бухорои онзамона пуштибонӣ накраданд. Муваффақ нашуд, қурбонӣ гашт, вагарна ҷасорати Восеъ аз ҷасорати Кова камтар набуд

Як омил — вуҷуди Заҳҳок барои инқилоб кофӣ нест. Ду омили дигар барои мо намерасад — миллати бедор ва Кова, ки парчами муборизаро баланд бардорад.

Аммо агар чунин аст, пас чаро мо муборизаро дар интернет мебарем? Назари ман ин аст, ки ҳанӯз миллат омода нест, то аз Кова ҳимоят кунад. Ҳанӯз кӯлобӣ тайёр нест дар паҳлӯи помирӣ қарор гирад ва баръакс. Ҳанӯз як мулло омода нест, ки дар паҳлӯи демократ биистад ё як дунявиву демократ омода нест дар паҳлӯи муллои мазулм биистад. 

Пас агар Кова ҳам биёяд, муваффақ нахоҳад шуд. Мо чанд Коваро дар ин байн аз даст додем. Зайд Саид магар Кова набуд? Бузургмеҳр магар Кова набуд? Маҳмадалӣ Ҳайиту Саидумар Ҳусайниву даҳҳо нафари дигар аз бародарони мо дар зиндон магар Кова набуданд? Буданд, аммо миллат миллати замони Кова нест.

Замоне, ки миллат омода шуд аз Кова ҳимоят кунад, мутмаъин бошед, ки дигар ниёз ба Кабирӣ ё ягон сиёсатмадори дигар нест. Як Кова аз байни миллат пайдо мешавад, ки парчамро баланд бардорад ва миллатро ба озодӣ бирасонад.

Навори ин суханрониро метавонед инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *