Рубрики Хабарҳо

Вобастагии Тоҷикистон ба воридоти гандум аз хориҷ

Тоҷикистон тақрибан нисфи ниёзи худро ба гандум таъмин мекунад ва боқимондаашро аз хориҷ ворид мекунад.

Майдони кишти ғалладона дар ҷумҳурӣ кариб 310 хазор гектарро ташкил медиҳад, ки қисми зиёди онро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд.

Дар Тоҷикистон ҳар сол қариб 900 ҳазор тоннна гандум истеҳсол карда мешавад ва ин ҳаҷм талаботи аҳолиро пурра қонеъ намекунад.

Тибқи омор, соли гузашта дар кишвар 876,1 ҳазор тонна гандум тавлид шудааст. Дар ин муддат 1 миллиону 280 ҳазору 100 тонна аз гандум аз хориҷ ворид карда шудааст. Ҳаҷми воридоти гандум беш аз 265 миллиону 800 ҳазор долларро ташкил медиҳад.

Ба иттилои хабаргузории , мақомоти зидахли Тоҷикистон иддао доранд, ки то имрӯз ҳудуди 90%-и талаботи дохилии Тоҷикистон ба орд аз ҳисоби истеҳсоли (коркард) дохилӣ таъмин карда мешавад. Дар соли 2021 дар кишвар 828 ҳазор тонна орд истеҳсол шудааст. Илова бар ин, 56 ҳазору 700 тонна орд ба маблағи беш аз 16 миллиону 100 ҳазор доллар ворид шудааст.

Айни замон як қатор истеҳсолкунандагони калони гандум, аз ҷумла   Русия ва Сербия содироти ғалларо мехоҳанд муваққатан манъ кунанд. Ин мамнӯъият ба содироти орди гандум, ҷуворимакка, шакар ва равғани растанӣ дахл дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар Тоҷикистон нархи орд ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст. Агар се-чор рӯз пеш як халта орди 50 килоиро дар бозорҳо бо пардохти 275-280 сомонӣ харидорӣ кардан мумкин бошад, ҳоло истеъмолкунанда маҷбур мешавад, ки барои як халта орди 50 килоӣ 320-330 сомонӣ пардохт кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *