Рубрики Хабарҳо

Оши тоҷикӣ ба муҳоҷирони укроинӣ дар Варшава (аксҳо)

Ситоди қабули муҳоҷирон, ки аз ҷониби Паймони миллии Тоҷикистон дар Варшава таъсис дода шудааст, имрӯз 12 март ба муҳоҷироне, ки дар бошишгоҳи муваққатии пойтахти Лаҳистон ҷой дода шудаанд оши палав пӯхт.

Тибқи иттилоъи сухангӯи ин ситод Шоҳраҷаб Шоҳимӣ, ду дег ош ба 150 нафар муҳоҷиони укроинӣ, ки дар ин бошишгоҳ муваққатан ба сар мебаранд, тақсим карда шуд. 

Қаблан ин ситод аз қабули садҳо муҳоҷири аз Укроин ба Лаҳистон омада, ки бештарашонро тоҷикон ташкил медоданад, хабар дода буд. Бо кӯмаки аъзои ситод, ки беш аз 30 нафар гуфта мешаванд, муҳоҷирони аз ҷанги Укроин фироркарда қабул ва ба кишварҳои дигар фиристода шуданд. 

Шоҳимӣ ба Паём гуфт, ки аъзои ситод ҳамчунин дар қабули муҳоҷирон ба мақомоти маҳаллии Варшава кӯмак мекунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ ду аъзои ситод, ки забонҳои русӣ, укроинӣ ва лаҳистониро баладанд, фардо ба терминоли марказии Варшава эъзом хоҳанд шуд. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *