Дар давоми соли 2019 аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатии Тоҷикистон бо сабабҳои гуногун 149 тояш аз фаъолият бозмондааст.
Дар ин бора Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар зимни маҷлиси васеи Ҳукумат гузориш дод.
Бино ба маълумоти додаи Қоҳир Расулзода, ҳаҷми истеҳсоли 59 номгуйи молҳои саноатӣ нисбат ба соли 2018 коҳиш ёфта, 4 намуди мол умуман истеҳсол нагардидааст.
Дар ин давра дар ҳудуди кишвар аз 2 ҳазору 164 корхонаи саноатӣ бо сабабҳои гуногун 149 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмонда, 128 корхонаи дигар ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намудаанд.
Дар кори маҷлиси Ҳукумати мамлакат вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода зимни ҳисоботи худ таъкид дошт, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардида, воридоти маблағҳо 23 миллиарду 200 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79 миллиону 500 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 млн. сомонӣ маблағ кам ворид гардидааст.
Ҳамчунин, сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда таъмин карда нашудааст.
Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат гирифта нашудани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистаанд.