Абдуллоҳ Орифов, нахуствазири Узбекистон ба манзур ташкили кобинаи давлати ҷадид пас аз интихоботи 22 декабр 2019, истеъфои худро дар маҷлис Сенои ин кишвар эълом кард.
Маҷлиси Сенои Узбекистон ҳам бо истеъфои Орифов мувофиқат кард.
Бар асоси қонуни асосии Узбекистон, давлати истеъфоодода то замони ташкили кобинаи ҷадид ба кор худ идома хоҳад дод.
Кондидои ҷадиди нахуствазирӣ имрӯз дар ҷаласаи муштараки ду маҷлиси Сено ва намояндагон Узбакистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Ҳизби либерал-демократи Узбекистон бо пирӯзӣ дар интихоботи умумии ин кишвар Абдуллоҳ Орифовро барои пости нахуствазирӣ муаррифӣ кард.
Ҳизб либерал-демократ бо касб 53 курсӣ аз 150 курсии маҷлиси Узбекистон пирӯзи интихоботи ин кишвар шуда ва барои муаррифии номзади худ нишасти дохилиҳизбиро ба раёсати Уктам Ҳаитов, раҳбари ҳизб баргузор кард.
Дар ин нишаст аъзои ҳизб ба иттифоқи оро бори дигар Абдуллоҳ Орифовро ба номзадӣ аз ин ҳизб барои пости нахуствазирӣ муаррифи карданд.
Бар асоси қонуни Узбекистон, нахуствазирии Орифов бояд ба таъйиди раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев расида ва пас аз он тақдими парлумон шавад. Орифов барои курсии нахуствазирӣ бояд беш аз нисфи раъйи намояндагони парлумонро касб кунад.
Гуфтанист дар интихоботи умумии Узбекистон, ки моҳи пеш баргузор шуд, Ҳизби либерал-демокрот муваффақ ба касб 53 курсӣ, Ҳизб “Милли тиклоняш” (растохези миллӣ) 36 курсӣ, Ҳизби сотсиал-демократ 24 курсӣ, Демократики халқ 22 курсӣ ва Ҳизби экологии Узбекистон 15 курсиро касб карданд.
Абдуллоҳ Орифов аз соли 2016 симати нахуствазирии Узбекистонро бар ӯҳда дорад.