Рубрики Хабарҳо

Ҳиммати сутудании чанд соҳибкори ҳисорӣ

Чанд соҳибкори ҳисорӣ ба зане, ки бо шаш фарзандаш дар як вагонча зиндагӣ мекард, хонаи дуҳуҷрагӣ бо тамоми ҷиҳозаш тақдим кардаанд. Дар ин бора продюсери тоҷик Баҳриддини Сабур дар саҳифаи инстаграмаш наворе нашр кардааст.

Дар ин навор дида мешавад, ки Зӯҳро Сайфуллоева бо фарзандонаш вориди хонаи навашон мешавад ва модари ранҷдида ашкичашмонашро дошта наметавонад. Тибқи навиштаи Баҳриддини Сабур ин хонаро, ки дар шаҳри Ҳисор ҷойгир шудааст, чанд соҳибкор барои Зӯҳрову фарзандонаш харидаанд.

Қаблан дар бораи зиндагии сахти ин модари тоҷик ду журналисти Радиои Озодӣ — Зарангези Наврӯзшоҳ ва Амриддин Олимов хабар дода буданд, ки боиси вокунишҳои зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд.    

A post shared by (@bahriddini_sabur) on

 

Баҳриддини Сабур дар саҳифаи инстаграмаш чунин навиштааст:

Дустони хубам! ОЗОДИ вокеан тавонист, ки бо пешниходи як видеои як дакикаги манзилеро бунёд созад…. Худовандро бехисоб шукур, ки имруз ин МОДАР бо кумаки чандин сохибкорони химматбаланди наздику дур дар шахри Хисори шодмон сохиби ду хучраги шуд… Барои хамаи онхое, ки дар ин кори хайр сахми худро гузоштанд изхор сипос менамоем… Тулли руз нафарони хелле хелле зиёд барои кумак ба суи дехаи ин модар рохсипос шуданд. Худованд тамоми некихо ва хубихои Шуморо да баргохи бениёзаш кабул бинмояд… Суратхисоб ва шиносномаи ин модар дар историяи сахифаи ман аст, метавонед шинос шавед ва дастгини кунед…

Хохишмандам, ки илтимос ягон сухани неку лутф нашавад дар бораи шахсан ман… чунки инсо аслан сахми чанд сохибкорест, ки исми онхо танхо дар назди Худованд равшан аст… 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *