Рубрики Хабарҳо

Мақомот боз ба баҳси симкорти 250 сомона баргаштанд

Мақомоти Тоҷикистон масъалаи симкортро аз нав ба баррасӣ гирифтаанд. Як гурӯҳи корие аз тарафи Дастгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон таъсис шудааст, ки нархи симкортҳоро баррасӣ хоҳад кард.

Ин гурӯҳ ҳанӯз рӯзи 12 октябр ташкил шудааст ва масоили вобаста ба симкортҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла нархи он, шумори симкортҳое, ки як нафар метавонад харидорӣ кунад, синну соли нафароне, ки метавонанд симкорт дошта бошанд, мӯҳлати корбурди он ва ғайраро баррасӣ ва тасбит хоҳад кард.

Рӯзи 20-уми август мақомот эълон карданд минбаъд симкортҳо бо қимати 250 сомонӣ фурӯхта хоҳад шуд ва касе ҳақ надорад симкортеро, ки ба номи нафари дигар сабт шудааст, истифода намояд. Ин эълон боис шуд мардум ба нуқтаҳои фурӯши симкорти ширкатҳои мобилӣ бирезад ва навбатҳои тӯлоние, ки садҳо нафарро дарбар мегирифт, эҷод шавад.

Ин тасмими мақомот ба эътирози шадиди ҷомеъаи шаҳрвандӣ гардид. Ду кампин барои чамъоварии имзо алайҳи ин тасмим ва як кампини таҳрими симкортҳои Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Ташкилкунандагони кампини дуввум даъват карданд 31-август рӯзи таҳрими симкортҳои Тоҷикистон эълон ва дар ин рӯз аз истифодаи симкортҳо худдорӣ шавад.

Як навори даъват ба таҳрим аз тарафи фаъолон ба даҳҳо ҳазор телефони Тоҷикистон фиристода шуд то онҳо рӯзи 31 август аз истифодаи симкортҳо бо нишони эътироз худдорӣ кунанд.  

Ин кампинҳо ва эътирози шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳукуматро водор кард аз тасмимаш барои муддате даст бардорад. Бо супориши раиси дастгоҳ ва духтари раисҷумҳур масъала то 1 январи соли 2019 ба таъхир гузошта шуд.

Ҳоло мақомот дубора ба ин масъала баргаштаанд ва зоҳиран мехоҳанд новобаста аз эътирози мардум нархи симкортҳоро боло баранд. Худи мақомот ин тасмимашонро масъалаи амниятӣ ва мубориза бо терроризм медонанд, аммо коршиносон мегӯянд паси пардаи ин қарорҳои зиддимардумӣ бизнеси Оила меистад. Яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон — Зарина ҳамсари писари , раиси Хадамоти алоқа аст ва тибқи гуфтаи коршиносон Сабурӣ бо кӯмаки келинаш мехоҳад тиҷорати навкеро роҳандозӣ кунад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *