Рубрики Хабарҳо

Комиссариатҳои ҳарбии Русия дубора ба додани даъватномаҳо шурӯъ кардаанд

Комиссариатҳои ҳарбӣ дар 35 минтақаи Русия ба фиристодани даъватномаҳо ба сокинони маҳаллӣ шурӯъ карданд.

Дар ин бора Павел Чиков, раиси созмони байналмилалии ҳуқуқи башари “Агора”, дар канали телеграмии худ менависад.

Дар канали телеграми худ ҳомии ҳуқуқ рӯйхати пурраи минтақаҳоеро дод, ки ба онҳо даъватномаҳо фиристода мешаванд. Дар байни онхо вилоятхои Маскав, Санкт-Петербург, Ленинград, худи шаҳри Маскав, Белгород ва Мурманск, вилоятҳои Олтой, Перм, Красноярск ва Краснодар ҳастанд.

Чиков нагуфтааст ин маълумотро аз кучо дарёфт карааст. 

Қаблан мақомоти минтақаҳои Русия гуфта буданд, ки даъватномаҳо барои “таҷдиди маълумоти бақайдгирии ҳарбӣ” ё даъват ба омӯзиши низомӣ фиристода шудаанд. Кремл инро «амали маъмулӣ» номида қайд кард, ки онҳо дар бораи мавҷи нави сафарбаркунӣ дар Русия «ҳеҷ баҳс» надоранд.

Сафарбаркунӣ дар Русия дар охири моҳи сентябри соли 2022 оғоз шуда, ба гуфтаи мақомоти Русия, дар охири моҳи октябр ба поён расид. Аммо Владимир Путин то ҳол фармон дар бораи анҷоми онро имзо накардааст. Мақомот борҳо шарҳҳои мухталиф доданд, ки чаро фармони сафарбаркунӣ то ҳол амал мекунад.

Коршиносон мегуянд, бо ба руйхатгирии мардон Русия мехоҳад як базае ба вучуд оварад. Ин имкон медихад, ки шумораи зарурии мардони қобили хидмати ҳарбӣ зуд ба ҷанг фиристода шуда, сарҳади давлатй ба руи онҳое, ки аз даъват гурехта истодаанд, баста шавад ва ё дарьёфт кардани ҷанговарон осон шавад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *