Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ аз паҳншавии COVID-19 ҷиҳати таъмин бо лавозимоти тиббии муҳофизатӣ кумак кардааст.
Дар ин бора Агентии иттилоотии «Ховар» бо воҳима . Аммо тибқи гузориш дида мешавад, кумакҳои вазорати саноат дар муқоиса бо имконияти вазорати саноати як кишвар бисёр ночиз аст. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ба вазорати тандурустӣ ҳамагӣ 5 ҳазор дона ниқоби тиббӣ, 250 дона либосҳои яккаратаи муҳофизатии тиббӣ, 400 кг оҳаки хлордор ва 500 литр спирти техникӣ кумак кардааст. Ҳол он ки ин ниҳод мебоист вобаста ба салоҳияташ сохтусоз ва таъмини тамоми лавозимоти муҳофизатии тиббӣ ва техникаҳои заруриро ба уҳда мегирифт.
Дар гузориш гуфта шудааст, ки вазорати саноат вобаста ба ҳолати баамаломада дар ҷумҳурӣ 15 корхонаҳои дӯзандагиро ба истеҳсоли ниқоб ва хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ сафарбар намудааст, ки «Сифат Саноат», «Гулистони Душанбе», «Тоҷтекс», «Ёқут-2000» «Чарм» , «Кота Глобал», «Фарм Текс», «Кооператор», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ноҳид», «Ҷавонӣ», «САТН» ,«Фарм Суғд» ва «Зинат» аз зумраи онҳо мебошанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Тоҷикистон наздик ба ду моҳ аст, ки эълон мекунанд, ба сохтусоз ва духти либосҳои ммуҳофизатӣ ва ниқоб машғул ҳастанд. Аммо дида мешавад, 15 корхонаи дузандагии вобаста ба вазорати саноат тавонистааст ҳамагӣ 5 ҳазор дона либоси тиббӣ ва 250 дона либосҳои яккаратаи муҳофизатӣ духта ба вазорати тандурустӣ кумак кунад.
Ҳол он ки ин кумак метавонад, танҳо ниме аз як беморхонаи ноҳияи дурдасти кишварро ба якбор таъмин кунаду халос.
Сообщение ПАЁМ.net.