ДУШАНБЕ, 28.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Минбаъд шаҳрвандони мамлакат имкон доранд, ки ба Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 занг зада, ба саволҳои худ, аз ҷумла оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои таъини нафақа аз рўи маъюбӣ, синну сол, маҳрум шудан аз саробон ва пас аз таъин гардидани нафақа идома додани фаъолияти меҳнатӣ, пешниҳоди ҳуҷҷат барои бозҳисобии нафақа ва дигар саволҳои ба ин соҳа марбут посухи мушаххас гиранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иттилоъ доданд.
Бояд гуфт, ки 25 июн дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон мавриди истифода қарор дода шуд. Маркази тамос бо технологияҳои муосир таъмин буда, дар он беҳтарин мутахассисони ҷавон, ки аксарияташон хатмкардаҳои муассисаҳои олианд ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар ифтитоҳи Маркази тамос директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод, собиқадори соҳа, собиқ директори Агентӣ Дилмурод Давлатзода, муовини директори Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мералӣ Бодуршозода ва кормандони агентӣ иштирок намуданд.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод гуфт, ки Маркази тамос дар асоси нишондоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2024 дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025–2030) ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири вусъати рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ таъсис ёфт.
«Ин тадбир шаҳодати тақвияти равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи муассири имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар соҳа мебошад. Ин Марказ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии хизматрасонӣ ва бобати қонеъ гардондани талаботи шаҳрвандон дар самти хизматрасонӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа мебошад»,- тазаккур дод директори Агентӣ
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Барномаи «Феҳристи ягонаи давлатии нафақагирон» таҳия гардидааст, ки барои пешбурди пардохти нафақа ба таври автоматӣ тавассути Корхонаи воҳиди давлатии бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз моҳи марти соли 2025 дар доираи лоиҳаи таҷрибавӣ пардохти муттамаркази нафақаро дар шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода, Рӯдакӣ, Варзоб, Шаҳринав ва ноҳияи Файзобод амалӣ гардид.
Тибқи нақша, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа тасмим гирифтааст, ки то моҳи сентябри соли 2025 дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро ба пардохти автоматикунонии нафақа тавассути КВДБА ҶТ «Амонатбонк» пайваст намояд.
Инчунин оид ба сари вақт гирифтани маълумот дар бораи шаҳрвандони фавтида, Агентӣ якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода, чорабиниҳои ташкилию техникӣ ва методии зарурӣ гузаронд.
Дар ин раванд, барои табодули маълумот бо дигар мақомот тавассути барномаи пули ҳушманд (Smart Bridge) байни Агентии суғурати иҷтимоӣ ва нафақа, Агентии иннноватсия ва технологияҳои рақамӣ хати нурии баландсуръат барқарор шуд.
Тавассути барномаи (Smart Bridge) корҳо оид ба автоматикунонии қабули маълумот дар бораи фавти шаҳрвандон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати адлия амалӣ гардида, бақайдгирӣ ва муайян намудани далели фавти шаҳрвандон ба таври автоматикӣ боздошт ва қатъ намудани пардохтҳои нафақа ба роҳ монда шуд.
Пас аз гузарондани санҷишҳои таҷрибавӣ тавассути системаи мубодилаи иттилоотии байниидоравӣ, сабти шаҳрвандони фавтида бомуваффақият ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа интиқол ёфт, ки барои соҳа аҳамияти калон дорад. Ин барои фавран боздоштани пардохти нафақа имкон медиҳад ва мушкилоте, ки солҳои зиёд дар самти сари вақт қатъ намудани пардохти нафақа пас аз фавти нафақагир идома меёфт, аз байн рафт.
Ҳадафи амалӣ намудани иқдомҳои мазкур барои рушди соҳа ниҳоят муҳим буда, ҷиҳати беҳтарсозии раванди кор бо ҳуҷҷатҳои электронӣ нақши бориз дорад. Ин дар ҳолест, ки Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳамасола дар асоси ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои махсуси фаъолиятро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи онҳо чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон