ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, бахши ҳоло ҷудошудаи “Барқи Тоҷик” — ширкати , ки тибқи ҳисоби коршиносон ширкат дар ҷаҳон аст, эълом кард то 1 июли соли 2023 ҳаҷми умумии қарзи истеъмолгарон аз барқ дар Тоҷикистон 3,2 млрд сомонӣ (ҳудуди 293 млн доллар)-ро ташкил додааст.
Ба гуфтаи ин меросбари “Барқи Тоҷик”, аҳолӣ аз истифодаи барқ ҳудуди 1,5 млрд сомонӣ (138 млн доллар) қарздор аст, ки қариб 47% аз ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад. Зоҳиран “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва иттиҳомҳои беасосро низ аз “модараш” ба мерос бурдааст.
Ба иттилои манбаъ, бо назардошти болоравии арзиши барқ, қарзи аҳолӣ аз он дар нимсолаи аввал 4,2 млн сомонӣ зиёд шудааст.
Ин дурӯғи ошкор ва подарҳавои “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар ҳолест, ки қарздор шудани аҳолӣ аз истифодаи барқ тақрибан ғайриимкон аст — баробари пардохт нашудани камтарин қарз, маъмурони ин “шабака” билофосила барқи хонаҳоро қатъ мекунанд.
Ягона гурӯҳи қарздор аз ин ширкати дузд дуздон дигар — мансабдорон, аз ҷумла мансбадорони наздик ба хонаводаи Раҳмону зуди хонаводаанд, ки зӯри маъмурони “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба онҳо намерасад.
Тибқи иттилоъи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” корхонаҳои зерин қарзи нисбатан бештар доранд:
— ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» — 276 млн сомонӣ;
— КВД «Обу корез» — 90 млн сомонӣ;
— ҶСК «НБО Роғун» — 31,7 млн сомонӣ;
— ҶСК «Тоҷик семент» — 10,7 млн сомонӣ.
Ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ дар маҷмӯъ 84 млн сомонӣ, корхонаҳои таъмиру-истеҳсолии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати ҶТ — 50 млн сомонӣ, ҶСК “Помир Энержи” — 1,8 млн сомонӣ ва дигар истеъмолгарон — ҳудуди 1,7 млд сомонӣ қарздор шудаанд.