Рубрики Хабарҳо

Ёрдамчӣ ва ронандаи раиси шаҳри Кӯлоб боздошт шуданд

Дар як амалиёти кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи душанбе, 1 июн Фирӯз Қурбонов, ёрдамчии раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, ва ронандаи шаҳрдори Кӯлобро бо иттиҳоми ба фурӯш задани ёриҳои башардӯстонае, ки ба ин минтақа барои мубориза бо бемории коронавирус равона шуда буд, дастгир кардаанд.

Сомонаи «Ахбор” бо истинод ба манбаъаш хабар медиҳад, боздошти мақоми баландпояи шаҳрдорӣ ва ронандаи раиси шаҳр дар дохили мошини хидматии Иноятзода сурат гирифтааст. Онҳоро бо далели шайъӣ, яъне маблағи бузурге, ки дар ивази ёриҳои башардӯстона талаб доштанд, боздошт кардаанд.

Тафсилоти дигари ин боздоштҳои пурсарусадо ҳанӯз маълум нест. Мақомот – чӣ мақомоти КДАМ ва чӣ шаҳрдории Кӯлоб — ба таври расмӣ ин хабарро то ҳол шарҳ надодаанд.

Аммо ба гуфтаи манбаи «Ахбор”, «нашри видеоҳову муроҷиатномаҳои зиёд дар бораи ин ки кумакҳои ба Кӯлоб фиристодашуда ба беморхонаҳо ва ба мардуми ниёзманд намерасанд, сабаб шуд, ки Кумитаи амният ба чунин амалиёте иқдом кунад. Зоҳиран ин дафъа қазия хеле ҷиддӣ ба назар мерасад ва кормандони амният дар Кӯлоб мунтазири амр аз «боло” ҳастанд, ки чӣ мегӯянд? Агар амр ба тафтиши мӯшикофонаи ин қазия шавад, як парвандаи ҷиддии коррупсия аз ҳисоби ёриҳои башардӯстона дар роҳ аст. Вале агар боз «мӯъҷиза”, яъне «тағобозӣ” шавад, пас ин парвандаро хапу хомӯш мехобонанд мисли даҳҳо парвандаи дигаре, ки нӯги гапаш мебаромад ва баъд хомӯш мешуду мерафт…”

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2018, вақте шаҳрдори кунунии Кӯлоб Баҳром Иноятзода дар мақоми шаҳрдори Истаравшан кор мекард, ронандаи ӯ Ҷиянхон Ғоибов, мулаққаб ба «Ҷоник”-ол бо иттиҳоми аз соҳибкорон ва раисони корхонаҳо ҷамъ овардани даҳҳо ҳазор сомонӣ бо баҳонаи «барои ободонии шаҳр” боздошт шуда буд. Тавре сомонаи «Ахбор” он вақт хабар дод, ки «чанд вақт боз додситонии Истаравшан тавассути радиои маҳаллииАВИС+як корманди ҳукумати ин шаҳр бо лақаби Ҷоникро эълон мекунад ва аз мардум мехоҳад, ки агар касе аз ин нафар зарар дида бошад, ба мақомот муроҷиат кунад. Ҷоник дар ҳукумати Истаравшан расман ҳамчун ронанда кор мекард, вале худро дасти рости раиси дастгоҳи ҳукумати шаҳр вонамуд карда, аз соҳибкорон ва роҳбарони корхонаҳо бо баҳонаи «барои ободонии шаҳр” даҳҳо ҳазор сомонӣ талаб мекардааст.

Шаҳрдории Истаравшан дар як посухи расмӣ ба «Ахбор” навишт, «Ҷоник” бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ягон робитае надорад. Ронандаи мақомот будани ӯ асоси воқеӣнадорад.” Вале аз посухи МИҲД Истаравшан рӯшан нашуд, ки агар ин Ҷоник расман дар ҳукумати шаҳр кор намекард ва «бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ягон робитае надошт”, пас чӣ гуна тавонистааст аз соҳибкорону раисони корхонаҳо «барои ободонии шаҳри Истаравшан” даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷамъ кунад? Магар раисони корхонаҳову ширкатҳо ба ҳар одами қади кӯча бароварда, 15, 20 ва ҳатто 70-у 80 ҳазор сомонӣ медиҳанд?

Албатта, боздошти «Ҷоник” дер давом накард. Пуштибонҳояш баъди каме хомӯш шудани ҷанҷол ӯро аз боздошт раҳо карданд ва бо вуҷуди даҳҳо шикояту муроҷиат аз номи соҳибкорону раисони корхонаҳои Истаравшан парвандааш ба ҷое нарасид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *