Рубрики Ozodi

Тоҷикистону Қирғизистон 13 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд



Яке аз санадҳое, ки пештар аз ҳама ном бурда шудааст, “Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тадбирҳои боварӣ” аст, ки то се чаҳор соли пеш байни ду тараф вуҷуд надошт.

Бақияи санадҳо дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, муҳоҷират, саноат ва дигар бахшҳо аст. Ин аввалин сафари давлатии Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ зимни мулоқоти раҳбарон ва ҳайатҳои ду кишвар “доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуд.”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов ҳамтои қирғизи ӯ аз ниҳоӣ шудани таъйини хати марз изҳори қаноатмандӣ карда “ҳамзамон таъкид доштанд, ки корҳо доир ба анҷом додани демаркатсия (кашидани хат) низ бо ҳамоҳангии ҷонибҳо идома дорад.

Марзи баҳсбарангез сабаби тирагӣ дар робитаҳои Тоҷикистону Қирғизистон шуда буд ва то ҳадде, ки ду тарафро ба ҷанги мустақим ва ҳамла ба қаламрави ҳамдигар кашид. Муноқишаҳо дар марз дар солҳои 2021-2022 сабаби вайрониву марги даҳҳо нафар аз Тоҷикистону Қирғизистон шуд ва хусумат ба ҳадде шуд, ки дар як нишасте бо миёнҷигарии Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ба ҳам даст надоданд.

Гузаргоҳҳои марзӣ баста шуданд, яке ҳавопаймоҳои дигариро ба қаламрави ҳамдигар роҳ намедод. Табодули мол миёни ду кишвар, ки солҳои пеш даҳҳо миллион долларо ташкил медод, то ба 5 миллиону 6 миллион доллар дар як сол поин омад.

Аммо дар ду соли ахир вазъ ба тамом тағйир ёфт, созишномаи марзӣ дар моҳи март ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек ба имзо расид. Ду гузаргоҳи марзӣ соли равон боз шуд ва дар рӯзи 8-уми июл раҳбарони ду кишвар амр доданд, яке дигарро, ки ноҳияи Лахши Тоҷикистонро бо вилояти Ӯши Қирғизистон мепайвандад, боз кунанд. Ноҳияи Лахш яке аз ноҳияҳои умдатан қирғизнишини Тоҷикистон аст.

Ҷузъиёти дигари сафар ба зудӣ нашр мешавад, лутфан бозгашт ба вебсайти Радиои Озодиро фаромӯш накунед.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *