Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти густарда аз 100 то 250 нафарро боздошт кардаанд, ки байнашон рӯҳониёни маъруф ва ҳудуди 20 нафар устодони донишгоҳҳои кишвар низ ҳастанд.
Тибқи иттилоъи чанд манбаъ шумори боздоштшудагон аз 100 то 250 нафар гуфта мешавад, ки чанде аз онҳо хориҷиён мебошанд. Дар шумори хориҷиёни боздоштшуда устоди кафедраи филологияи Шарқи наздики Донишкадаи Тоҷикистон, шаҳрванди Миср ва чанде дигар аз устодони хориҷии ин Донишкада ва факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ зикр мешаванд. Синни Байюмӣ аз 60 убур кардааст. Гуфта мешавад аксари хориҷиҳо ҳамроҳ бо ҳамсару дигар аъзои хонаводаҳояшон боздошт гардидаанд.
Бештари онҳо, аз ҷумла ду рӯҳонии маъруф дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохила нигаҳдорӣ мешаванд.
Боздоштҳо рӯзи ҷумъа, 3 январ шурӯъ шуда то дирӯз, якшанбе идома кардааст. Дар паи ин амалиёти густарда сокинони шаҳру навоҳии гуногуни кишвар, аз ҷумла Душанбе, Ваҳдат, Хуҷанд, Исфара дастгир шудаанд. Байни боздоштшудаҳо, ки аксар мазҳабиянд, рӯҳониҳои маъруф, аз ҷумла аз хонаводаҳои маъруфи кишвар ҳузур доранд.
Як манбаъ аз мақомоти давлатӣ гуфт, имкони зиёди бастани иттиҳоми таъсиси шабакаи экстремистӣ ё ҳатто террористӣ ба ин гурӯҳи бузурги боздоштшуда вуҷуд дорад. Ӯ гуфт “тамоми зиндонҳо нимахолӣ шудаанд ва барои пур кардани онҳо ин қадар дузду ҷинояткор пайдо намешавад. Бинобар ин мақомоти амниятиву интизомӣ мавҷи нави боздошти нафарони мазҳабиро шурӯъ кардаанд”.
Ин манбаъ таъкид кард, тибқи маълумоте, ки дар даст дорад, ин танҳо оғози мавҷи нави боздоштҳо дар кишвар аст ва ҳеҷ кас аз муттаҳам шудан ба ҷиноятҳое чун ифротгароиву терроризм эмин нест. “Дар ду соли оняда бояд ҳади ақал 5 000 нафар ба зиндонҳо бурда шаванд” – гуфт манбаъ.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон ҳазорон нафарро бо иттиҳоми ширкат дар созмонҳои ифротӣ, аз ҷумлу созмонҳое, ки номашонро касе дар Тоҷикистон нашунидааст, муттаҳам карда ба зиндон фиристода буданд. Қисмати бузурги ин муттаҳамшудаҳо, ба ҷуз онҳое, ки ба терроризм айбдор гата буданд, тибқи авфи соли гузашта ба озодӣ баромаданд.
Коршиносон фарзияҳои мухталифро дар ин бора матраҳ мекунанд. Аз ҷумла бархе бар ин бовар ҳастанд, ки ҳукумат баъд аз он ки натавонист дар ҳодисаи террористии Данғара ва ҳодисаи марзи Узбекистон мардумро ба вуҷуди ДИИШ дар кишвар мутақоид кунад, ҳоло мехоҳад бо нишон додани гурӯҳи ҷиноятии калони дигаре дар кишвар, амният ва суботи кишварро дар хатар ҷилва дода, ҳолати руъбу ваҳшати умумиро дар кишвар ҳифз кунад ва ба саркубҳои худ идома диҳад.
Бо дар хатар нишон додани амнияти кишвар, ҳукумат ҳам метавонад аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ грант бигирад ва камбуди будҷаашро ҷуброн кунад ва ҳам метавонад саркуб ва зиндонӣ кардани мухолифонашро дар назди созмонҳои ҳимоят аз ҳуқуқи башар тавҷеҳ кунад.
Як коршиноси масоили амниятӣ, ки нахост номаш фош шавад бар ин назар аст, ки кумитаи амният аз ин ки мардум дар донишгоҳҳо ва муассисаҳои давлатӣ гароиш ба дин доранд нороҳат аст ва мехоҳад ҳатто афроди мутахассисеро ҳам, ки ба гунае бо дин рабт доранд зиндонӣ ва саркуб намояд. Дар воқеъ авфи чанд моҳи пеши зиндониён ва холӣ кардани зиндонҳои кишвар маҳз ба ҳамин хотир буд ва ин барнома дар идомаи ҳамон пратаколи 32 – 20 аст.
Аммо маълум нест ҳукумат ин гурӯҳро боз чӣ барчасб мезанад ва онҳоро чигуна муаррифӣ мекунад. Оё боз ҳам онҳоро ДИИШи ва Наҳзатӣ мегӯяд ё инки кадом иттиҳоми наве ихтироъ мекунад.
Паём кушиш дорад ҷузъиёти бештари қазияро ба даст оварад ва дар сурати такмил шудани маълумот онро пешкаши шумо хоҳем кард.