Рубрики Хабарҳо

Дар Фаронса се пулисро куштанд

Манобеи хабарӣ аз тирандозӣ дар маркази «Фаронса» ва кушта шудани 3 полиси ин кишвар хабар медиҳанд.

Бино ба гузориши хабаргузории “Reuters”, се полис кушта ва як нафар захмӣ шудааст.

“Euronews”, ҳам дар ин бора навишт аст, ки се маъмури полиси Фаронса дар шаҳри “San Just”, (Сан Ҷост) ба зарби тир кушта шуданд . Як маъмури дигар низ ба шиддат захмӣ шуда аст.

Қотил як марди 48 сола аст, ки талош мекард ҳамсарашро ба қатл бирасонад.

Ба гуфтаи фармондори ин минтақа , бомдоди чаҳоршанбе ду маъмури полис пас аз дарёфти гузоришҳое дарбораи хушунати хонагӣ дар маҳал ҳузур ёфтанд ва талош доштанд то ин занро, ки ба пушти боми хона паноҳ бурда буд, наҷот диҳанд, ки ногаҳон шавҳари зан ба сӯи полис тир мепаронад . Дар ин тирандозӣ як нерӯи полис кушта ва дигарӣ аз ноҳияи рони пояш захмӣ шуд.

Қотил сипас хонаро ба оташ кашид ва ба самти маъмурони полис, ки дар маҳал ҳузур ёфта буданд шиллик кард, ки дар пайи ин тирандозӣ 2 нафари дигар кушта шуданд .

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *