Вақте симои устоди азизам Сангин Гулзодро пеши назар меорам, ба ҳақиқат, ба воқеӣ будан, ба дурустии ин суханон бори дигар сидқан бовар мекунам, ки “беҳтарини мардумон муаллим мешаванд”.
Воқеан ҳам, устоди азиз аз зумраи беҳтарин омӯзгорони олам ҳастанд, ки ин ҳақиқатро ҳазорон ҳазор шогирдон, намояндагони якчанд насли журналистикаи муосир, онҳое, ки аз замони таъсиси факултети журналистика дар он таҳсил кардаанд ва ҳам ононе имрӯз таълим мегиранд, тасдиқ менамоянд, чун беҳтарин хислатҳои хоси ин касби шарифу муқаддасро доранд.
Устоди гиромии мо се сол қабл дар матлаби пурмуҳтавое моҳиятан даҳ қоидаи муҳимеро, ки донистану риоя карданаш барои муаллим-журналист ҳатмӣ аст, муқаррар намуда буданд. Вақте ин матлабро, ки чун дастур барои омӯзгорони тахассусҳои рӯзноманигорист, мутолиа кардам, дар ҳар яке симои худи устоди азизро дидам, ки ин қоидаҳоро аз буда бештар ба эътибор гирифтаву иҷро менамоянд ва ҳамин аст, ки дар дилу дидаи шогирдон ҷой доранд. Беҳтарин тавсифро яке аз шогирдонашон иброз дошта буд, ки “устоди азиз дар аудитория мисли моҳие дар об ҳастанд”. Воқеан, ончунон ки моҳӣ дар об эҳсоси фараҳу хушҳолӣ мекунад ва аслан, ҳаёти худро мебинад, об низ бо вуҷуди моҳӣ дурахшу ҷило ва софиву сафо хоҳад дошт…
Дар ҳақиқат, ин саодат на ба ҳар кас насиб мекунад, ки ба касби хеш то ба ин андоза муҳаббат дошта бошад ва то ба ин ҳад муваффақ гардад. Ба пиндори ман, барои устоди азизи мо муаллимӣ касб нест, балки ишқ аст ва ҳамин муҳаббат сабаби комёбии бузургу беназирашон – роҳ ёфтан ба қалбҳо гардидааст.
Устоди азизи мо равоншиноси бузурге ҳастанд; руҳияи шогирдонро хуб медонанд ва ба ҳар яке муносибу мувофиқ ба хулқу атвораш муносибат мекунанд, ки ин тарзи муносибат дарсро ба “замзамаи муҳаббат” табдил медиҳад ва ҳамин аст, ки ҳамеша дарсашон бо интизориҳо истиқбол мешавад. Солҳо қабл навишта будам, ки “муносибати самимона ва садоқати устод ба касбашон аст, ки маҳбуби қалби ҳазорон ҳазор шогирдон гардидаанд ва ҳеҷ гоҳ симои пурнурашон, ки чун рамзи даврони тиллоии ҳаёт – донишҷўйӣ дар лавҳи хотири онҳо нақш бастааст, зудуда нахоҳад шуд. Ин аст, ки устод тамоми умр барои шогирдон рамзи ҷавонӣ, шодмониву сурур ва хотироти беҳтарини рўзгор мемонанд… Ҳар як дарси устод олимона, орифона, ошиқона ва ниҳоят зебову хотирмон сурат мегирад. Ҳангоми таҳсил вақте чӣ гуна ба охир расидани 90 дақиқаро эҳсос намекардем ва ба гумонамон лаҳзаи зебоеро мемонд, фикр мекардам, Худованд устодро маҳз барои омўзгорӣ офаридааст. Хуш аст, ки ин пешаи басо азиз, муқаддас ва пурмасъулиятро имрўзҳо низ сарбаландона идома мебахшанд”.
Устоди азизи мо пеш аз он ки омӯзгори беҳтарин бошанд, аввалан инсони комил ҳастанд, ки ин сифат махсусан дар замони имрӯз ниҳоят муҳим гардидааст. Воқеан ҳам, тавре Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона мефармояд, “шоистатар зи рутбаи Одам мақом нест…”. Хуш ба ҳоли ононе, ки ин мақомро доранд.
Вақте амиқан андеша мекунем, дарк менамоем, ки расидан ба ин мақом кори саҳле нест ва ин мақом ҳеҷ расмияту намоишеро ҳам намеписандад, ин он мақоме нест, ки имкон диҳад барои намоиш додан ба дигарон худро ба гунаҳое вонамуд кард. Ин мақом самимӣ, воқеӣ, ҳақиқӣ буданро тақозо дорад, ки устоди азизи мо бо тамоми вуҷуд сиришта аз табиати чунин мақоми воло ҳастанд.
Наздики бист соле, ки устоди азизро мешиносам ва ифтихори шогирдиашонро дорам, борҳову борҳо шоҳиди инсонияти олидараҷаи устод будам, ки якрӯиву самимият ва ҷавонмардиҳояшон касро мафтун мекунад. Ҳамин чанде қабл буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба муносибати байниҳамии баъзе олимон, муҳитҳои илмӣ суханҳои гуногуне иброз шуд ва он ҷо ҳарфҳое ҳам буд, ки ба воқеӣ будани онҳо боварии кас намеомад. Дар чунин ҳол барои муқоиса, замони аспирантӣ, муҳити илмӣ ва муҳокимаҳои корҳои диссертатсиониро бо роҳбарӣ (чун мудири кафедра буданд) ва ширкати устоди азиз пеши назар овардам, ки чӣ сон баргузор мешуд. Ҳар сухане лозим медонистанд ва ба манфиати кор буд, рӯирост, дар ҷояш иброз медоштанд, баҳсу мунозираҳо мекарданд ва ҳеҷ гоҳ аз паси диссертанту роҳбари ӯ ҳарфи дигаре намегуфтанд, ҳамеша хайрхоҳ буданд ва то ҳадди имкону тавон дастгирӣ мекарданд. Дилу нияти пок доранд, бидуни ягон ғараз, самимона ҳар кумаке аз дасташон ояд, дареғ намедоранд. Ба чунин муносибатҳо ҳавасам меомад ва ифтихор мекардам, ки шогирди чунин шахсияти бузург ҳастам.
Ёдам меояд, ҳангоме кори номзадиам дар ҷаласаи факултет муҳокима гардид ва анҷоми он муваффақона буд (чун ба дифоъ пешниҳод шуд), дар хотима бароям сухан доданд. Бо изҳори сипос аз устоди азиз, ки роҳбарам ҳастанд, иброз доштам, ки як сухани устод роҳнамову роҳкушои ман буд, чун ҳолатҳое мешуд, ки бо вуҷуди фикру андешаҳои зиёд наметавонӣ аз як бунбасте бурун оӣ; дар чунин вазъият як маслиҳат, як машварати устод боис мешуд, ки пеши роҳ кушода шавад ва таҳқиқи мавзуъ идома ёбад. Таъкидан иброз доштам, ки аз устоди азиз барои чунин роҳнамоиҳои оқилонаву одилонаашон беҳад сипосгузор ҳастам.
Ҳамин лаҳза нафаре аз ширкатдорони ҷаласа луқма партофт, ки ҳар роҳбар бояд чунин бошад. Чун мавриди сухан буд, гуфтам, ки “оре, шумо дуруст мегӯед, аммо ба назари ман, миёни “бояд бошад” ва оне ки ҳаст, тафовут хеле ва хеле калон аст”.
Воқеан ҳам, устоди азиз дар ин масъала низ аз шахсиятҳои идеалӣ ҳастанд, устод ва роҳбаре чун намунаи ибрат мебошанд. Мо, шогирдон, онҳое, ки зери роҳбариашон рисолаҳо ҳимоя кардем, ҳама мадюни меҳрубониҳо ва роҳнамоиҳои беғаразонаи устоди азизи хеш ҳастем, чун муносибати устод бо шогирдон худ як мактаби дигар аст.
Дар панҷоҳумин солгарди умри пурбаракаташон устоди азизро ба “Пайкараи садоқат” нисбат дода будам: “Ба устод ва шахсияти нотакрорашон чун ба пайкараи садоқат муносибат мекунам… пайкараи шукӯҳманде, ки ҳангоми рў ба рў гардидан эҳсоси гарму гуворое, ҳаяҷону ҳиссиёти саршори эҳтирому арҷгузорӣ ва як навъ кўшиши эҳтиёткорӣ фарогирам мешавад… пайкараи бошукўҳе, ки рамзи садоқат – садоқат ба арзишҳои волои инсонӣ, ойини ҷавонмардӣ, ҳаќиќат, принсипи ҳаёт, одамият, муқаддасоти миллӣ, шахсиятҳои барҷаста, касб, устодон… аст”. Танҳо як илова мекунам, ки дар замони моддиётгароии имрӯз устоди азиз пайкараи садоқат ба маънавиёт, ба арзишҳои аслии инсонӣ ҳастанд.
Имрӯз низ ҳамин мавқеъро дорам ва боз ҳам мегӯям, ки “ифтихори шогирди устод будан бароям як умр беҳтарин эҳсосе хоҳад буд”.
Шасти камолотро ба устоди азизам таҳният мегӯям ва барояшон танҳо саломатӣ мехоҳам, то ифтихори шогирдӣ насиби ҳазорон ҳазор донишҷўйи дигари факултет гардад, чун ба шарофати дарсҳои хотирмону фаромўшнопазирашон ҷилову зебоии даврони тиллоии ҳаёти хешро пурра эҳсос менамоянд ва тамоми умр чун хотироти ширину зебое бо худ хоҳанд дошт.
Хушдил РАҲИМҶОН,
номзади илми филология
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube