12 июл бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии Раҳматулло ифтитоҳ ёфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад.
Дар ин корхона пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад.
Хатти дигари истеҳсолии коргоҳи навбунёд маводи шӯстушӯӣ мебарорад. Коргоҳ имкон дорад, ки дар як сол то 500 ҳазор дона собун истеҳсол намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube