13 июл бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҶСК Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд маҷмааи навбунёди меҳмонхонаи панҷошёнаи Кайҳон мавриди истифода қарор дода шуд.
Маҷмааи меҳмонхонаи муосири Кайҳон 5-ошёна буда, дар масоҳати 3750 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, меҳмонхонаи мазкур дорои толори муосири маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст ва 90 ҳуҷраи стандартӣ ва барои меҳмонони олимақом буда, дар дар як вақт метавонад то 188 меҳмон қабул намояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube