Дар Маскав ҷаласаи навбатии Шӯро ва ҷаласаи пленарии 15-уми Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) баргузор мешавад. Барои ширкат дар он раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ, ки ҳамзамон шаҳрдори Душанбеву писари раисҷумҳур ҳам ҳаст, ба Маскав рафтааст.
Дар ҳоле, ки бархе коршиносон афзоиши сафарҳои Рустами Эмомалӣ ва ширкаташ дар ҷаласаҳои минтақавиро оғози муаррифии ӯ ҳади ақал ба “шарикони стратегӣ” дар остонаи интиқоли қудрат медонанд, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) як созмони номуваффақ аст ва ҳеҷ ояндае надорад. Ӯ ҳамчунин таъкид кард ҳеҷ қудрате ба ин созмон аҳамият қоил нест ва он ба зудӣ пароканда хоҳад шуд.
Дар посух ба суоли блогнависи тотор Руслан Айсин, ки пурсид чаро нишасти СПАД дар Ереван номуваффақ тамом шуд, раҳбари мухолифини тоҷик гуфт “худи СПАД як созмони номуваффақ аст ва созмони номуваффақ наметавонад нишасти муваффақ дошта бошад.”
“Ин созмон, ки барои ҳимояи дастаҷамъонаи кишварҳои узви он аз таҷовузи бегона ташкил шудааст ба созмони ҳомии диктаторон аз мардуми худашон табдил шудааст. Вазифаи аслиашро иҷро карда наметавонад, ки мо намунаашро дар Арманистон ва ниҳоъи байни Тоҷикистону Қирғизистон дидем, аммо ба саркӯби мардуме, ки дар яке аз кишварҳои узв эътироз карданӣ мешаванд, билофосила омода мешавад. Яъне як созмони дастаҷамъонаи пулисӣ аст, ки вақте ба яке аз дикторурҳо хатари эътироз таҳдид кард, дастбакор мешавад. Мисолаш ҳам ҳаводиси моҳи январи Қазоқистон аст, ки мардумеро, ки ба эътироз баромада буданд дастафамъона саркӯб карданд ва аксари аъзои созмон нерӯҳои худро бо суръат ба Алмаато фиристоданд. Аз ҷумла Раҳмон, ки ҳудуди 200 нерӯи низомӣ ирсол кард. Арманистон инро дарк ва ҳамин сабаб шуд, ки Пашинян ду ҳуҷҷатро имзо накунад ва ҳатто даъватҳое аз ҷониби сиёсатмадорони арманӣ мабнӣ бар хурӯҷи ин кишвар аз СПАД садо доданд” — гуфт Кабирӣ.
Раҳбари ПМТ таъкид кард, ки дар ҳама нишастҳои СПАД “мавзӯъи баҳсро Путин муайян менамояд, гоҳе Лукашенко ҳам баромад мекунад”. Ва дар посух ба ин суол, ки Раҳмон чаро дар ин нишаст аз назарҳо ғоиб буд гуфт “Раҳмон медонад, ки мавзӯъи асосии баромадҳояш — пурсидани силоҳ ва муҳиммоти ҷангӣ дар ин нишаст кор намедиҳад ва аз тарафи дигар бинобар баромади қаблиаш дар муқобили Путин фаҳмид, ки каме аз ҳад гузаронд, бинобар ин ин дафъа тасмими гирифт хаппакак дар кунҷе бишинад, то хоҷаашро бештар ғазабнок насозад.
Дар бораи ояндаи СПАД раҳбари мухолифини тоҷик гуфт, ки “фикр мекунам ин созмон ҳеҷ ояндае надорад ва ҳеҷ қудрате ба он аҳамият қоил нест”.