Дар шаш моҳи аввали соли 2025 рушди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марҳила ба марҳила афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 873 миллион сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 фоиз зиёд буда, ҳиссаи он ба як сокини вилоят 3 ҳазору 712 сомониро ташкил дод.
Тавре ки аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд, суръати афзоиши иқтисодӣ дар минтақаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 фоизро ташкил дода, нишондиҳандаи рушди кӯтоҳмуддати иҷтимоию иқтисодӣ дар сатҳи 1,2 фоиз арзёбӣ мегардад.
Ҳаҷми умумии хизматрасониҳои пулакӣ дар ҳамаи бахшҳои хизматгузорӣ ба 85,1 миллион сомонӣ баробар гардид. Дар баробари ин, иҷрои нақшаи андозҳо бо дарназардошти андозҳои иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилоят 105,1 фоиз таъмин шуда, ба ҷои 132,8 миллион сомонии нақшавӣ ба буҷет 139,6 миллион сомонӣ ворид гардид.
Дар нимсолаи аввал шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар вилоят ба 9 ҳазору 839 нафар расида, танҳо аз ҳисоби фаъолияташон зиёда аз 6 миллиону 928 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст.
Ҳамзамон, дар вилоят 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 283,3 миллион доллар амалӣ шуда истодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube