Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохта, сиёсатмадори пуртаҷриба ва донишманди маъруфи Тоҷикистон ва минтақа 16-уми феврали соли 1954 дар хонадони рӯҳонӣ дар ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло шаҳри Ваҳдат) ба дунё омадааст.
Ин рӯҳонии шинохтаи кишвар, ки собиқ Раиси Идораи Қозиёти мусалмонони Тоҷикистон ва муовини Сарвазир ва узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд, мактаби миёнаро дар зодгоҳаш ва таълимоти ибтидоии диниро дар назди падар ва бобои модариашон аз худ кардааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз соли 1972 то 1977 таълимоти мазҳабии худро дар мадрасаи “Мири араб”-и шаҳри Бухоро, пойтахти қадимаи Тоҷикон идома додааст.
Вай баъди хатми мадрасаи “Мири араб”-и шаҳри Бухоро, аз соли 1977 то 1980 дар Донишгоҳи исломии шаҳри Тошканд ба номи Имом Бухорӣ таҳсилоти диниашро такмил додааст.
Баъд аз хатми Донишгоҳи исломӣ дар солҳои 1980 то 1982 дар бахши робитаҳои хориҷии Идораи динии мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон (САДУМ) кор кардааст.
Аз соли 1982 то 1987 дар факултаи шариъати Донишгоҳи давлатии Урдун таҳсил карда, дипломашро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси улуми исломӣ касб кардааст.
Ӯ баъд аз хатми донишгоҳ дубора ба шаҳри Тошканд баргашт ва муддати як сол (1987-1988) дар Донишгоҳи исломии ин шаҳр, ҷое, ки аз он фориғ шуда буд, ба ҳайси омӯзгор аз илмҳои фиқҳ ва ҳадис дарс додааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз соли 1988 расман вориди сиёсатҳои калон гардида, масъулияти Идораи Қозиёти мусалмонони Тоҷикистонро дар замони Шӯравӣ ба уҳда мегирад ва то соли 1993 дар раъси ин идораи номии кишварамон хидмат мекунад. Аз ҳамон замон то имрӯз чун Қозӣ Домулло ёд мешавад ва ҳеҷ каси дигаре ин унвонро касб накардааст.
Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки дар паҳлӯи бинои масҷиди марказии пойтахт бо номи Ҳоҷӣ Яъқуб бунёд шудааст, таъсиси он аз самараҳои корҳои ӯ дар даврони Қозикалон буданашон аст. Дар Тоҷикистон оғози сафарҳои гурӯҳии зоирон ба Арабистон Саудӣ ба хотири анҷои фаризаи Ҳаҷ ва таъсиси масҷиҳои ҷомеъ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ аз ҳамон солҳои Қозикалон будани вай мерос боқӣ мондааст.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳамзамон бо Қозикалон буданаш аз феврали соли 1990 ба ҳайси вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Тоҷикистон ва сипас узви Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуда, кор кардааст.
Бо шиддат гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аз оғози соли 1993 муҳоҷир шуд ва тӯли ҳафт сол, то оғози соли 1998 дар кишварҳои хориҷа, ба хусус Эрон сукунат кард. Қозӣ Домулло дар Теҳрон масъулияти намояндагии Иттиҳоди Нерӯҳои опозитсиюни Тоҷикистон (ИНОТ) ва ҳамзамон муовини раиси он буд. Инчунин дар тӯли ин ҳама солҳо раҳбарии ҳайъати музокиракунандаи ИНОТ-ро бар дӯш дошт.
Дар соли 1998 баъд аз имзои Созишномаи сулҳ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба Ватан баргашт ва худи ҳамон сол муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон таъин шуд ва то соли 2005 ба муддати 7 сол дар ин симат фаъолият кард.
Вай аз соли 2005 то соли 2010 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар ин муддат пайваста фикру назарҳояшро дар робита ба мавзӯъҳои муҳимми рӯз тавассути расонаҳо иброз медошт. Замоне, ки дар соли 2009 дар парлумони кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” мавриди баҳсу баррасӣ буд, ва чанд банди ин қонун озодиҳои мазҳабиро маҳдуд мекард, вай яке аз муннақидони асосии он ба шумор мерафт.
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баъд аз анҷоми узвият дар Маҷлиси Миллӣ тайи солҳои 2010-2015 ҳамоно яке аз шахсиятҳои маъруф ва хабарсоз дар ҷомеа боқӣ монд.
Дар соли 2010 Кумитаи давлатии амниятӣ миллӣ (КДАМ) бо интишори як туҳматномае, ки бо се нусхаҳои гуногун бо имзои раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, дар расонаҳо ва тавассути имомхатибон интишор шуд, хост ӯ ва бародаронашро аз саҳна берун кунад, аммо сирри КДАМ фош ва ин тарҳаш муваффақ нашуд. Баръакс, Қозӣ Домулло ба ҷомеаи шаҳрвандӣ наздиктар ва дар соли 2013 ҳамроҳи дигар нухбагони огоҳ аз аҳзоби мухолифин ва ҷомеа шаҳрвандӣ зери як сақф пайваст ва дар муборизаҳои интихоботи президентӣ саҳмашро гузошт.
Бо ин ҳама, Қозӣ Домулло худашро мухолиф не, балки мунаққиди баъзе сиёсатҳои ҳукумати кунунии Тоҷикистон муррифӣ мекунад.
Забонҳои арабӣ, ӯзбекӣ ва русиро хуб медонад.
Оиладор, соҳиби 7 фарзанд аст.