Рубрики Pressa

Ошкори шаш ҳолати дуздӣ дар Ёвон


Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ду нафар гумонбари ҷинояти дуздӣ боздошт шуданд. Бозбоштшудаҳо дар шаш ҳолати дуздӣ гумонбар дониста мешаванд.

Кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон 2- нафар, Раҳмиддин Шодизода ва Шаҳром Шодиев сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро бо гумони дуздии чорво дастгир карданд.

Зимни тафтишот муайян карда шудааст, ки гумонбарон бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт аз ҳудуди деҳаҳои Оби –Ошиқ ва Пахтакори ноҳияҳои Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомӣ аз набудани атрофиён истифода карда, чорвои сокинонро медузданд.

Дастгиршудаҳо дар 6 ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар буда, зарари расонидаи онҳо ба сокинон 15 ҳазору 500 сомонӣ мебошад.

Феълан нисбати Раҳмиддин Шодизода ва Шаҳром Шодиев бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *