Рубрики Хабарҳо

Ҳукумати Раҳмон ҳомиладори инқилоб аст

Баъди баргузории ҳамоиш бахшида ба 20-умин солгарди Созишномаи сулҳи тоҷикон, ки санаи 9 июн дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор шуда буд, Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар як нишасти матбуотии ин ниҳод ба рӯзноманигорон гуфт, иттиҳоди нирӯҳои мухолифини ҳукумат дар хориҷ барои кишвар хатари ҷиддӣ дорад.

Сайфулло Сафаров тазаккур дод, ки феълан дар Душанбе бар ин ақидаанд, ки раванди муттаҳид шудани гурӯҳҳои оппозитсионие, ки дар  хориҷ фаъолият доранд, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, хеле хатарнок аст ва ҳукумат бояд дар ин масъала чора бияндешад.

Дар ин бора Паём.нет назари коршиносони масоили сиёсиву ҳуқуқиро пурсид, ки оё дар ҳақиқат ба ҳам омадани мухолифони сиёсии тоҷик амнияти кишварро халалдор мекунад, ё ки ин “бонги хатар” як бозии сиёсии дигари худи ҳукумати Тоҷикистон аст?

Инак назари коршиносон пешкаши хонандагони Паём.нет мегардад.

Шокирҷон Ҳакимов, профессор, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ:

Дар гузашта ва ҳоли ҳозир низ агар дар дохили кишвар шароити мусоид ҷиҳати амалӣ кардани ҳадафҳои сиёсии шахрвандон, кафолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва ба хусус амнияти мухолифин ва созмонҳои онҳо таъмин карда нашавад, иттиҳоди мухолифин дар хориҷи кишвар фаъолияти худро идома дода, тадриҷан дар ташаккули афкори ҷомеа оид ба масъалаҳои мубрами дохилию хориҷии кишвар корҳои муайянеро анҷом медиҳанд.

Вобаста ба инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба вуҷудойии иродаи сиёсӣ бо мақсади таъмини якпорчагӣ, тамомияти арзӣ, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва беҳтар кардани муҳити иқтисодию такмили низоми давлатдорӣ дар баъзе мавридҳо бо дар назардошти манфиатҳои стратегии давлатдории миллӣ ҷонибҳо ҷиҳати ҳамкорӣ ва расидан ба ормонҳои шаҳрвандон кӯшиш мекунанд, ки бо ҷалби давлатҳои алоҳида ё созмонҳои байналмилалӣ тариқи дидору мулоқотҳо ба мувофиқа низ бирасанд.

Ба андешаи ман, маҳз имконияту шароити якхела фароҳам овардан барои ҳамаи ҳизбу созмонҳои иҷтимоӣ, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва вазифаҳои оинномавии онҳо бо дар назардошти риояи тарз ва усулҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон шарти муҳими ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандон мебошад. Дар акси ҳол, танзиму таҳти назорат гирифтани фаъолияти мухолифин дар хориҷи кишвар ғайри имкон гардида, ташаккули афкори байналмилалиро оид ба бурду бохти Тоҷикистон,

тавре ки таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, дар баъзе ҳолатҳо паёмади фаъолияти муташаккилонаи мухолифин на танҳо манфиатҳои доираҳои муайян, балки ба амнияти миллӣ низ таҳдиду хатарҳоро эҷод менамояд.

Вақте ки ҷонибҳо бо истифода аз усулҳои сиёсию дипломатӣ аз шунидану гуфтани дарду ҳасрат ва орзую ормонҳояшон худдорӣ мекунанд, вале ҳамзамон Тоҷикистонро ватани аҷдодии хеш эътироф мекунанд, бидуни шакк кӯшиши бозгашт ба зодгоҳашонро доранд. Дар марҳалаҳои аввал бештар бо танқиди ҳамдигар машғул мешаванд ва  кӯшиш мекунанд таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва шаҳрвандонро ба худ ҷалб кунанд. Бо мурури замон чунин шакли мубориза ҷонибҳоро қонеъ намекунад ва онҳо водор мешаванд, баҳри расидан ба ҳадафҳояшон тасмимҳои ҷиддитар бигиранд.

 

  Иззат Амон, таҳлилгари масоили ҳуқуқӣ:

Банда,   шахсан  ҷашн  гирифтани  имзои  Созишномаи  сулҳро  аз ҷониби  ҳамватанони  бурунмарзӣ   ҳеҷ  хатаре  ба  амнияти миллии  кишварамон  намебинам.

Дуруст  аст, ки  ин  ҷашнро     ҲНИТ   ҳамчун  ҷониби  дигари  сулҳ ороста  буд,  намояндагони ҳизбу  ҳаракатҳои   мухолифи  ҳукумати Тоҷикистон  ширкат  доштанд.

Ҷониби  ҳукумат  оиди  ин  нишаст  набояд  чунин  вокуниш  нишон  медод.

Мутмаинам, ҳеҷ  нафар  дар  Тоҷикистон  (он чуноне, ки  Сайфулло  Сафаров  дар  нишасти  матбуотиашон зикр  намуданд)  баргаштан  ба  рӯзҳои  мудҳиши  солҳои  ҷанги  бародаркуширо  намехоҳад.

Он  чизеро, ки  мухолифин  мехоҳанд,  ҳамааш  шуда  ислоҳоти  сиёсӣ  ва  иқтисодии  кишварамон  мебошад, ки  дақиқан  ба  фоидаи  давлату  миллат  мебошад.

Чизи  дигар  ин аст, ки  ба  назари  ман  дар  бораи  кадом  як  Иттиҳоди  мухолифин  ҳарф  задан  каме  зуд аст. Агар  иттиҳоде  ҳам  миёни  ҳизбу  ҳаракатҳо  сурат  гирад, шояд  баъд аз  нишасти  Дортмунд  шакл гирад. То  ин дам  мо  ҳеҷ  иттиҳоде  дар  миёни  аҳзоби  мухолифи  кишварро  намедидем.

Ҳатто  дирӯз  Раҳматулло  Зоиров, раиси  ҳизби  ба  ном  мухолифи  ҲУСДТ, дар  як  сӯҳбати  худ  ҲНИТ  ва дигар   ҳаракатҳоро  дар  ким  кадом  ҷиноятҳое   гунаҳкор  низ  кард

Чи  тур  мешавад,  дар  бораи  Иттиҳоди  мухолифин суҳбат кард,  замоне, ки  раиси  як  ҳизби  мухолифи кишвар  дигар  мухолифинро  санг  мезанад?

Ба  назари  ман,  агар  мухолифин  иттиҳоде  дошта  бошанду  раҳбари  ягона  ва  хостаҳои  мушаххас,  ин  на танҳо  бар  зарар,  балки  фоидаи  ҳукумати  кишвар  мебошад.

 

Илҳомҷон Ёқубов, фаъоли сиёсӣ:

Посухи Сафаров аз нигоҳи ман як воқеият буд, ки аксарият онро медонанд, вале бори аввал аст, ки аз даҳони як намояндаи баландпоя ва  таҳлилгари давлатӣ ироа мешавад. Воқеан мухолифини тоҷик ва ба хусус ҲНИТ дар дохили кишвар заминаи қавии иҷтимоӣ дорад.

Агар ёдатон бошад, бо таҳлил ва гузориши коршиносони чи дохилӣ ва чи беруна, дар интихоботи 7 сол пеш, яъне соли 2010 ҲНИТ беш аз нисфи райъи интихобкунандагонро ба даст оварда буд ва ҳукуматро ба таҳлука овард. Ин сабаб шуд, ки ҳукумат мехост заминаҳои иҷтимои мухолифин ва ба хусус ҲНИТ-ро заъиф кунад, вале ғайр аз “чораандешиҳои”  ғайриқонуниву ғайриахлоқӣ дигар чизе наандешидаанд ва бешак савод ва қувваи андешиданро ҳам надоштанд.

Аз ин сабаб, дар ин 7 сол на танҳо ин замина заъиф шуд, балки қувват гирифт, гуруҳҳои нав, қувваҳои нав ва тарафдорони нав пайдо шуд, ки боз ҳам пояҳои заминаи иҷтимоиро тақвият бахшид. Аз тарафи дигар фишорҳои рӯзафзуни КДАМҶТ ва ҳамчунин дигар сохторҳои қудратӣ мардум ва миллатро  ба ҷониби мухолифин тела дода истодааст. Бешак, мухолифин дар берун аз кишвар шакл гирифтааст ва системавӣ шудааст.

Бо ҳам омадани мухолифин барои амнияти кишвар ва мардуми тоҷик аз нигоҳи ман ҳеҷ хатаре надорад, чун дар ҳеҷ барномаи онҳо барҳам задани сулҳу салоҳи мардум нест.  Балки мухолифин ҳамеша аз ислоҳи системаи имрӯза ва расидан ба як ҷомеаи мардумсолор сӯҳбат мекунанд , ки бешак ин сӯҳбат ва бо ҳам омадани мухолифин  ба ин ҳадафу арзиш  ба чанд нафар курсинишинони баландпояи ҳукумати имруза қобили мақбул нест  ва баҳри ҳифзи курсиву мансаб бо шиори “хатар ба амнияти миллӣ”  чораандешиҳо ҳоҳанд кард, ки мо аллакай намунаҳои онро рӯзҳои охир мушоҳида карда истодаем.

Бешак ин амалҳо, амалҳои саркуб кардани мухолифин ва фишору зуроварӣ ба наздикони онҳо, ки аз ҷониби мақомотҳои кудратӣ суръат гирифта истодааст,   ба зарари худи ҳукумат хоҳад буд ва як хизмати хирсонае барои худашон анҷом ҳоҳад шуд.

Аз нигоҳи ман беҳтарин чорандешӣ ва ягона роҳ, ин эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандон, додани ҳаққи мардум ва  даст кашидан аз амалҳои саркубгароёна ва болотар аз ин, кушодани роҳ барои диалогу гуфтугӯ мебошад.  Вале баъид аст, ки аз ҷониби ҳукумат чунин ибтикор ба амал ояд  ва мухолифин ҳам тайёр нестанд, ки бо тарафи дигар дар сари як мизи гуфтугӯ шинанд.


Ба назари ман ҳама гурӯҳҳо ниёз ба ваҳдат доранд, ки ҳамеша ба он таъкид ҳам мекунанд, вале роҳи расидан ба ин иттиҳод мушкилиҳои худро дорад, ки ҳалли мушкилиҳо роҳро барои бо ҳам омадани мухолифин боз хоҳад кард. Дар баробари мушкилиҳо осониҳо ё барномаҳои муштарак аз ҷумлаи мубориза барои озод намудани зиндониёни сиёсӣ, ки аз ҳама гурӯҳҳо  низ ҳаст,  раванди эътилоф ё иттиҳодро осон хоҳад кард.

Мухолифини сиёсӣ барои мубориза як роҳ доранд, ки ҳама гуруҳҳо ба фикрам онро эътироф мекунанд. Ин ҳам бошад, мубориза дар доираи қонун, бо роҳи осоишта, муколама ва бо принсипҳои мардумсолорӣ мебошад, ки натиҷааш барои миллату кишвар мусбӣ хоҳад буд.

 

Абдулло Давлатов, таҳлилгари масоили сиёсӣ:

Пеш аз ҷавоб ба савол мехоҳам, диди назари худро оиди ибораи “иттиҳоди мухолифини тоҷик” гуям. Ба фикрам беҳтараш “Иттиҳоди тоҷикон” гуем, чун барои ман мухолифи воқеии арзишҳои милливу давлатии имрӯза худи ҳукумати Тоҷикистон аст.
Аслан, банда бо гуфтаи С. Сафаров мувофиқам. Воқеан иттиҳоди тоҷикон барои ҳукумати феълӣ хатар дорад. Аммо, ин хатар на аз ин ҳамбастагии тоҷикон бармеояд, балки аз тарсу хушунату бадбиниву ҳамдигарситезии пинҳонкоронаи дастандаркорони ҳукумат об мехӯрад.
Чаро ки, то ҷое ман медонам, фаъолони ҳизбу ҳаракатҳои ба иттиҳодия шомил мешуда ҳамагӣ мехоҳанд, то дар Тоҷикистон бо усулу услубҳои осоишта ва демократӣ дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоиву иқтисодиву фарҳангиву ғайра роҳандозӣ шаванд. Аммо, маҳз ҳамин роҳ барои ҳукуматҳои ноӯҳдабарои худкома хатарнок аст.
Аз ин ҷост, ки муттаҳид шудани тоҷикон ба амнияти мардуми Тоҷикистон, новобаста аз миллату мазҳабашон, ҳеҷ хавфе надорад! Баръакс, сарҷамъии фаъолони сиёсиву ҷомеъаи шаҳрвандӣ эҳёгарӣ умеду ормонҳои хоболуда аст.
Боварӣ дорам, ки ин иттиҳодия муваффақу музаффар хоҳад буд. Яке аз сабабҳои комёбии онҳоро дар он мебинам, ки иттиҳодияи навбунёдро ҳеҷ кас ба ифротгароӣ ва ё исломгароӣ муттаҳам карда наметавонад! Мо медонем, ки тоҷиконро асосан бо ҳамин туҳматҳо дар дохилу хориҷи кишвар таъқиб мекунанд…

 

Дагир Хасавов, роҳбари ташкилоти ҳуқуқии байналмилалии «Драконта»

Ба андешаи ман, Сайфулло Сафаров гирифтори бемории равонӣ аст, ё ин ки андешаронияш на ҳамчун як оянданигар, балки чун узви командаи яккатози ҳукумати Раҳмон аст.

Дуруст аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо ҳамроҳии парлумони ин кишвар бояд чораҳои заруриро биандешанд, аммо на бар зидди эътилофу баҳамоии мухолифон, балки барои ивази режими яккатоз, барои ба роҳ мондани қонунҳои мардуммеҳвар, озод кардани маҳбусони сиёсии ҲНИТ ва дигар фаолони сиёсиву вакилони дифоъи машҳури Тоҷикистон бояд бошад.

Тоҷикистон дар вартаи ҳалокат қарор дорад ва рӯз ба рӯз ба ботлоқи беҳуқуқӣ ғута мезанад. Мардум аз кишвару зодгоҳи худ сар ба гурез шудаанд. Ин ҷо мебояд пурсид, ки ин гурезагон аз ватани худ дар куҷоҳо ба худ сукунат ёфта истодаанд?

— Ҳамчун ғуломи беҳуқуқ дар Русия, дар маҳбасҳо ва ҳатто мебинем, ки қисме аз занони тоҷик, ки ҳамчун занони баномустарин шинохта мешуданд, дар фоҳишахонаҳои Русия касбу кор пеша кардаанд, ки ин албатта як мусибати бузурги халқи тоҷик аст. Барои ин на бояд мухолифони сиёсии ин кишвар, балки ба таври бояду шояд режими Эмомалӣ Раҳмон ҷавоб диҳад. Чашми Эмомалӣ Раҳмон ва атрофиёнашро ҳубби молу сарват ва чоҳу мансаб кур кардааст ва кайҳост, ки виҷдони худ ва мушкилоти мардумро фаромӯш кардаанд.

Мутаассифона шахсан ман боварӣ надорам, ки дар Душанбе ягон дигаргуние бидуни иҳотаи мардум аз қасри президент ба миён ояд. Ҳамчунон, ки дар таърихи мардуми шумо аллакай ин ҳодиса шуда буд. Шиорпартоиву доду фиғони хушку холии мухолифон аз ғарбу шарқ наметавонад чораи ивази куллии ҳокимият бошад. Лекин қувваҳои низомие, ки аз ҷониби Афғонистон ба сарҳади Тоҷикистон наздик мешаванд, метавонад дар сафҳаи таърихи ин кишвар дигаргуние дарҷ намояд. Зеро артиши Эмомалӣ Раҳмон на дорои қувваи нишон додани муқобилият ҳасту на ин хоҳишро дорад. Мусаллам аст, ки ин кори “сиёҳро” нерӯҳои ҳарбии Русия анҷом медиҳад. Ин ҳолат бошад нишондиҳандаи мустақил набудани роҳбарияти ин кишвар мебошад.

Дер ё зуд ҳокимияти Раҳмон барҳам мехӯрад. Хуб мебуд, оилаи Раҳмон ба шахсоне, ки барои ин миллату кишвар месӯзанд ва ҳаққи онҳост, ҳукуматро бисупорад. Агар не, ин оила барои худ ҷои гурезе на аз Аврупо, на аз Русия намеёбад.

Мафҳуми мардумсолорӣ ва демократия дар Тоҷикистон, хусусан дар доираи ҳукуматдорон хеле кам дарк карда мешавад, аммо зургӯӣ ва бо роҳи зуроварӣ идора кардани ҳукумат пешаи зимом ба дастони ин кишвар аст. Низоми кунунии ин кишвар мардумро дар ҳоли тарсу ваҳм ва рӯҳияи ғуломӣ идора мекунад. Ин ҳама нишони тарсуӣ аз миллат буда, фикр мекунам, низом дар ҳоли рукуд аст.

 

Агар ин ҳолати ваҳшатнок идома ёбад, рӯзе мерасад, ки мардум маргро аз дузахи ҳаёти имрӯзаашон авлотар медонанд. Худи ҳозир мардуми тоҷик мисли ғулом, ба ҷуз ҳамон ҳаёти ноозодонаи худ, чизи аз даст мерафта надорад ва ин ҳолат таҳкурсии хуб барои мухолифин аст, ба шарте аз шиорпартоиву изҳоротҳои хушку холӣ ба корҳои амалӣ гузаранд.

Вақте мардум сар боло мекунад, барои ҳукумати Раҳмон на вафодориву садоқатмандияш ба Кремл, на боварияш ба кафолати артиши Русияву Чин фоидае нахоҳад кард.

Мантиқан роҳи асосии озодӣ аз ин режим, муборизаи низомӣ аст, аммо ба ин на мардуми ин  кишвар, на мухолифонаш омода нестанд. Мухолифини тоҷик бештар роҳҳои осоишта ва демократиро пеша кардаанд. Агар чанде ҳолати мардум фоҷиаовар аст ва  худи сиёсати саркубгароёнаи ҳукумати Раҳмон  бо ҳабси тулонии бегуноҳон, тазйиқу фишору шиканҷаи мардум пойдевори табаддулоти давлатиро гузошта истодааст.

Ҳукумати Раҳмон айни ҳол ҳомиладори инқилобгарон аст. Ин ҳукумат ба ин зудӣ ҳамонҳоеро таваллуд мекунад, ки ба сари худаш об мерезанд. Аз ҷониби дигар теъдоди ташнагони қасос рӯз ба рӯз меафзояд.

Тамоми ҷаҳониён шоҳиди онанд, ки ҳеҷ гоҳ, баъди Созишномаи сулҳ Раҳмон бо мухолифони сиёсӣ, ҳамчун роҳбари як кишвари демократӣ  ба сари муколама наомадааст. Хостори ягон ҳамдигарфаҳмӣ ҳам набудааст. Баъди Созишномаи сулҳ ягон маротиба, ягон роҳбари ҳизби сиёсиро ба ҳузур напазируфтааст.

Дар ин ҳол, бояд ҳукумати Раҳмон ба ҲНИТ ва Муҳиддин Кабирӣ ташаккур кунад, ки як қувваи бузурги сиёсиро бо таври осоишта, бидуни даст задан ба ягон хушунате, дар ғурбат сарҷамъ намуда, идора карда истодааст. Ин худ як кори бузург аст. Аммо Раҳмон бошад, ҳамарӯза бо фишор овардан болои номуси шаҳрвандонаш кӯшиш дорад, косаи сабри мардум лабрез шавад.

Ба андешаи ман, Эмомалӣ Раҳмонро мебояд, на ин ки Кабириро дар пайгард қарор бидиҳаду ӯро террористу экстремист эълон карда, худро дар маърази ҷаҳониён шармандатар гардонад, балки ба ин тан диҳад, ки мисли Кабирӣ дар дастгоҳи ҳукуматиаш кадрҳои сазовор ва дилсӯз ба миллат ангуштшуморанд.  

Эмомалӣ Раҳмонро мебоист, ба ҷои миллатро ба худиву бегона тақсим кардану қисми зиёди қувваи асосии кориро муҳоҷир, қисми дигарашро сарсону сарбагурез намудан, милаташро сарҷамъ мекард. Агар шахси дилсӯз ба миллат ва хостори номбардори миллаташ мебуд, на ин ки худаш зиёда аз ҳашт миллион нафар мардумашро ба ҷаҳониён террорист муаррифӣ мекарду ними шаҳрвандонашро муҳоҷиру ғулом ва ҳазорҳо нафарро дар пайгард қарор медод, балки ба ягон кишвар ё созмоне ҳақ намедод, ки номи ин мардуми бошараву мусолиҳатхоҳро бо бадӣ бигиранд.

Ман умедворам, ки дар сарзамини тоҷикон сулҳи ҳақиқии пойдор ҳукмфармо мегардад ва ин мардуми дар азиятмонда сарбаланду муваффақ хоҳанд шуд.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *