Ин ҳамоиш дар як фазои бисёр дӯстона ва смимӣ баргузор шуд. Намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни Тоҷикистон дар ҳамоиш ширкат намуда ва назароти худро нисбат ба сулҳ ва пайомадҳои он баён карданд. Баъд аз итмоми ҳамоиш, ин намояндагон мизи мудаввар доир намуда ва ба табодули назар пардохтанд. Масоили мухталифе дар ин нишаст таҳлилу баррасӣ шуд ва дар натиҷа хеле аз масоил ҳалли худро ёфта ва тасмимоти муҳимму созандае барои ояндаи фаъолият гирифта шуд.
Ин ҳамоиши дар зоҳир хеле содда ва маъмулӣ, барои мухолифин дарсҳои биёр бузург ва барои режим паёмҳои бисёр ҷиддие ба ҳамроҳ дошт.
Аввалин дарсе ки бегумон ҳамаи ширкаткунандагон аз он омӯхтанд, аҳамияти худи дидор ва табодули назари мустақим байни мухолифин буд. Таъсире ки як дидор ва вохурӣ аз наздик дар дили инсон дорад, сад сӯҳбати телефонӣ ва номанигории аз дӯр надорад. Вақте аз наздик бо якдигар дидор мекунед, аввалин таъсираш афзоиши самимияту муҳаббати ҳамдигар дар дил аст, ҳамин муҳаббат ва самимият худ ба худ боиси наздикии ангезаҳову андешаҳои дидоркунандагон мешавад. Ва дар натиҷа агар андак сӯитафоҳуме ҳам дар миён бошад, худ ба худ аз миён бардошта мешавад.
Дуввумин дарсе ки аз ин гирдиҳамоӣ ойиди ширкаткунандагон шуд, пайбурдан ба аҳамияти сиёсии ба ҳам омадан буд. Зеро он чи ҳамаи ширкаткунандагон ҳама рӯза ба танҳоӣ мегуфтанд, чандон бозтобе надошт, вале ҳамин ки ҳамон суханонро бо ҳам ва якҷоя гуфтанд, таъсири он режимро такон дод. Бозтоби он ба ҳадде буд ки мақомоти Тоҷикистон як рӯз нагузашта ба он вокуниш нишон доданд ва аз ба ҳам омадани мухолифин изҳори хатар карданд.
Албатта мақомот бо ин вокуниши саросемаи худ, парда аз рӯи худ бардоштанд ва нишон доданд, ки режим чи қадр дар дохили худ эҳсоси заъву нотавонӣ мекунад.
Бинобар ин муҳимтарин дарсе ки мухолифин аз ин ҳамоиш гирифтанд, ин буд ки пай бурданд, тамоми заминаҳо барои эҷоди эътилоф ва якпорчагии мухолин имрӯз фароҳам шуда ва бо вуҷуди гароишҳои гуногуни сиёсӣ метавон даври як идея ба ҳам омад.
Рубрики
Хабарҳо