Вагонхои қатори боркаши ҳомили гандум, ки ба самти Тоҷикистон ҳаракат мекарданд, дар истгоҳи Манкент, воқеъ дар ҷануби Казокистон аз хати роҳи оҳан хориҷ ва чаппа шудаанд. Тавре хабаргузории “” иттилоъ медиҳад, дар натиҷа як қисми гандум ба замин рехтааст.
Аз рӯи ин ҳодиса аз сӯйи Роҳи оҳани Қазоқистон комиссияи вижа таъсис ёфта, онро таҳқиқ мекунад.
Гуфта садамаи вагонҳои ҳомили гандум ба ҳаракати қаторҳои дигар таъсир нарасондааст. Барои рафъи оқибатҳои ин садама локомотиви кӯмакрасон аз истгоҳҳои Чимкент ва Арис бурда шудааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ ин дувумин чунин ҳодиса дар ҳафтаҳои ахир аст. 28 декабр дар назди истгоҳи роҳи оҳан Қарабасии вилояти Караганда 19 вагони ғалла аз хатти роҳ баромада буд. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, хисороти садама ба 1 миллиард танга, ҳудуди 2 миллиону 160 ҳазор доллар тахмин зада мешавад.