Раисҷумҳури Укроин дар дидор аз Херсон бидуни ҷалиқаи зиддитир дар шаҳр қадам зад, бо сокинони ин шаҳри озодшуда аҳволпурсӣ ва аз муқовамати онҳоро қадрдонӣ кард. Дар ин миён эътиборномаи чандин хабарнигори хориҷӣ ба далели нақзи муқаррароти низомӣ лағв шудааст.
Чанд рӯз пас аз хурӯҷи нерӯҳои русӣ аз Херсон, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин, аз ин шаҳр дар ҷануби кишвараш, ки дубора таҳти контроли Укроин даромада, боздид кард. Зеленский бо либосе ба сабки низомӣ дар хиёбонҳои Херсон роҳ мерафт, ки тавассути муҳофизони бисёр мусаллаҳ иҳота шуда буд.
Гуфтанист, маконе, ки Зеленский қарор дошт, ҳамагӣ се километр аз зати ҷабҳа қарор дорад ва дар дастраси минандозҳо низ ҳаст.
Қадрдонӣ ва ташаккури шахсӣ аз мардум
Зеленский гуфт мехоҳад бо ҳузураш ҳимояти шахсии худро аз мардум баён дорад: “ба гунае, ки онҳо эҳсос кунанд, ки мо фақат дар мавриди он ҳарф намезанем, фақат ваъда намедиҳем, балки ба таври воқеӣ бозмегардем ва парчами худро ба парафшон мекунем.”
Ин раисҷумҳури 44 сола таъкид кард, ки мехоҳад эҳсосот ва энержии ҳамватанони худро низ ҳис кунад ва гуфт: “ин низ бисёр ангезадиҳандааст.”
Зеленский афзуд: “мо барои сулҳ, сулҳ барои кулли кишварамон омодаем.” Ӯ аз ҳимояти самараноки кишварҳои ғарбӣ ташаккур кард ва таъкид кард, ки таҳвили мушакандозҳои Ҳиморси Амрико ба вижа тафовути бузурге эҷод кардааст.
Зеленский гуфт, ки вокуниши мардум ба вуруди нерӯҳои укроинӣ ба Херсон худ гӯёи ин мавзӯъ аст. Ў таъкид кард: “вокунишҳои онҳо саҳнапардозона нест.”
Мардуми Херсон аз рӯзи ҷумъа (11 ноябр) аз сарбозони укроинӣ, ки дар ҳоли наздик шудан буданд, бо шӯри фаровон истиқбол карданд.
Лағви эътиборномаи чандин рӯзноманигори ғарбӣ
Ба гуфтаи артиши Укроин, эътиборномаи чандин рӯзноманигори ғарбӣ пас аз гузориши онҳо аз минтақаи Херсон, ки ахиран бозпас гирифта шуда буд, лағв шудааст.
Ситоди кулли нерӯҳои низомии Укроин дар тавҷеҳи ин иқдом аз тариқи файсбук гуфт: “Ахиран бархе аз намояндагони расонаҳо мамнуъиятҳо ва ҳушдорҳои мавҷудро нодида гирифта ва бидуни ризояти фармондеҳон ва масъулони равобити умумии артиш ва барқарории субот дар минтақа пахши гузоришҳоеро аз Херсон оғоз карданд.”
Ин паёми файсбукӣ нишон намедиҳад, ки эътиборномаи кадоме аз рӯзноманигорон лағв шудааст. Аммо бар асоси гузориши расонаҳо, дасти кам шаш хабарнигор аз шабакаҳои телевизионии CNN ва ASCO News эътиборномаи худро аз даст додаанд.