Аз 26 июн то 12 июл дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезиҳо 104 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Дар ин бора хабаргузории «Синхуа» иттилоъ медиҳад.
Ба иттилои Идораи миллии Покистон оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ (NDMA), танҳо дар 24 соати охир шаш нафар ҳалок ва 15 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Мақомот дар бораи хатари боришоти бештар дар рӯзҳои наздик ҳушдор дода, аз сокинон хостаанд, ки дар минтақаҳои осебпазир, бахусус дар ҷойҳои паст ва наздисоҳилӣ эҳтиёткор бошанд. Ҳоло дар минтақаҳои бештар зарардида амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube