Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқӣ, ки дар Аврупо маскун аст аз фаъолияти радиои “Озодӣ” ҳарф зад ва гуфт ин шабакаи амрикоӣ ба шӯъбаи хабаргузории давлатии “Ховар” табдил ёфтааст.
Шабнам Худойдодова рӯзи 17 сентябр дар иҷлосияи умумии анҷумани САҲА, ки ба масоили озодии баён бахшида шуда буд гуфт, Конгресси Амрико ҳар сол ба ин радио барои таъмини мардум бо ахбори мустақилу дуруст 1,6 миллион доллар ҷудо мекунад, вале он ба як минбари сирф таблиғи ҳукумат табдил ёфтааст ва аз пайгирии масоили доғи рӯзи Тоҷикистон парҳез мекунад.
Шабнам Худойдодова гуфт, мудирияти «Озодӣ»дар ин расона журналистони тарафдори ҳукуматро ҷамъ оварда, журналистонеро, ки назари интиқодӣ доштанд, пурра ронд. Дар натиҷа, гуфт ӯ, ҳоло бисёриҳо ин радиоеро, ки бо пули Амрико фаъолият дорад, филиали хабаргузории давлатии «Ховар» дар Аврупо ва дафтари матбуоти ҳукумат меноманд.
Шабнам Худойдодова гуфт, мавқеъгириҳои ошкоро рӯ ба ҳукумати радиои «Озодӣ» дар зеҳни бархе фикреро ба вуҷуд овардааст, ки шояд ин сиёсати ҳукумати Амрико чунин бошад ва тавассути радиои «Озодӣ» аз сиёсати ҳукумати кунунӣ пуштибонӣ мекунад.
Ӯ гуфт, умедворам чунин аст ва мақомоти Амрико баъди ин суханронӣ дар фикри ҳалли масъалаи радиои «Озодӣ» хоҳанд шуд. «Чунки бо чунин сиёсати эҷодӣ радиои «Озодӣ» нафақат обрӯи худашро ба замин яксон кард, балки ба имиҷи Амрико ва Ғарб дар умум зарба мезанад.