Рубрики Хабарҳо

Муҳоҷири меҳнатӣ аз содагӣ ба қаллобӣ муттаҳам шуд

Дар Маскав як токсирони зодаи яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз содагӣ ба қаллобӣ муттаҳам шуд. Ин муҳоҷири корӣ, ки дар шаҳри Маскави Русия ба таксиронӣ машғул будааст, ба сабаби надонистани талаботи қонунӣ ва пинҳон доштани ҳайсияти худ аз корфармояш қурбони дасисаи ду мизоҷаш шуд.

Дар ин бора вакили дифоъ ва коршиноси умури муҳоҷират Валентина Чупик ба Паём хабар дод.

Тибқи иттилоъи манбаъи, ин муҳоҷири корӣ, ки таксиронӣ мекард, бидуни гирифтани иҷозатнома дар фаъолияти мусофиркашонӣ, тавассути нармафзори Яндекс  сабти ном кардааст ва он ҳам на бо номи худаш. Худравро низ бо ваколатнома харида, симкорти гӯшиаш ҳам бо ному насабаш ба қайд гирифта нашудааст, зеро симкортро қабл аз парвозба Русия дар фурудгоҳи ватанаш ройгон додаанд.

Худи таксирон ҳодисаро чунин нақл кардааст, ки рӯзи 12 июн аз ду нафар мусофир фармоиш гирифта, то ҷойи лозима тақрибан  тамоми шаҳрро тай кардааст. Баъди савор шудан, мизоҷон худро кормандони Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Маскав муаррифӣ кардаанд. Ва ҷойи он ки ҳаққи кирояро пардозанд, аз ронанда 15 000 рубл ришва мепурсанд.

Ин мизоҷони гӯё корманди  Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Маскав  таҳдид кардаанд, ки агар 15000 рубл таксирон надиҳад, ӯро  барои тиҷорати ғайриқонунӣ ва рабудани мошин ҷаримабандӣ мекунанд. Ронанда зуд аз мошин берун шуда бо овози баланд роҳгузаронро ба кӯмак даъват кардааст. Гурӯҳе аз муҳоҷирон ҳозир шуда, бо хушунат аз мизоҷон талаби пардохти кирояи роҳ мекунанд. Дар натиҷа яке аз мусофирон гӯшии мобилии худро, ки тамғаи IPHONE буд, ба дасти таксирон дода,  ҳарду фирор кардаанд.

Ронанда, гушии мобилии IPHONE — ро ба ломбарди наздикии макони зисташ бурда месупорад.  Табиист, ки субҳи рӯзи дигар тавассути кормандони ҳифзи ҳуқуқ токсирон бо иттиҳоми ғорати мусофирон дастгир карда мешавад. Муҳоҷири токсирон акнун ягон хел далели дақиқе бобати талаби ришва кардани мусофирон надорад ва муҳоҷирон ҳам, ки ба кӯмакаш шитофтанду ба мусофирон таҳдид  карда, ба ҷойи роҳкиро IPHONE рӯёниданд, хоҳиши додани шаҳодатро надоранд.

Бар замми ин ронанда исботи видеоӣ надорад, Яндекс-такси собит мекунад, ки супориши тавассути онҳо содиршуда бо номи дигарест. Умуман аз нуқтаи назари манбаи далелҳо ҳодиса чунин сурат гирифта, ки ронанда ваъда додааст ройгон хизмат мерасонад, аммо бо дархости кӯмак аз шарикони худ мусофиронро ғорат кардааст.

Муфассал дар ин бора метавонед дар барномаи таҳлилию хабарӣ дар канали ютубии мо тамошо кунед.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *