Дар арафаи Рӯзи омӯзгор, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон чанд омӯзгори собиқадори ноҳияи Данғараро аёдат намудааст
Ба омӯзгорони собиқадори муассисаҳои таълимӣ кумакҳои Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон расонида шуд.
Анзурат Абдусаломзода барои хизмати содиқона, таълиму тарбия ва омода кардани шогирдон аз омӯзгорони собиқадор изҳори сипос намуда, таъкид кардааст, ки омӯзгорон пайваста зери таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube