Рубрики Pressa

Кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо дар Тоҷикистон маъруфанд?


Интернети мобилӣ босуръат рушд мекунад. Ҳамин тариқ, танҳо дар моҳҳои аввали соли 2025 ширкати “МегаФон Тоҷикистон” зиёда аз 100 пойгоҳи нави базавии стандарти “суръатнок”-и 4G/LTE-ро роҳандозӣ намуд. Ба туфайли ин, дар тамоми гӯшаҳои кишвар хизматрасониҳои қулайи рақамӣ ва дилхоҳ манбаъҳои интернетӣ дастрас мегарданд. Истифодаи кадом намуди шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳоро сокинони Тоҷикистон афзалтар меҳисобанд?

Тибқи омори ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, пешсафон аз рӯи истифодаи трафик YouTube ва Instagram ба ҳисоб мераванд – ба ҳиссаи онҳо 28% тамоми трафики истифодашаванда аз ҷониби муштариёни оператор рост меояд. Дар ҷойи сеюм бо 8% Facebook қарор дорад.

Дар байни истифодабарандагони фаъолтарин – ҷавонони 18-24 сола қарор доранд. Ба ин гурӯҳи синнусолӣ 31% тамоми муштариёне, ки ба Instagram ва 30% истифодабарандагоне, ки ба Telegram ворид мегарданд, дохил мешаванд. Дар ҷойи сеюм миёни ҷавонон IMO бо 17% қарор дорад.

Истифодабарандагони 25-34 сола бештар ба WhatsApp афзалият медиҳанд – 32% ҳамаи истифодабарандагон ба ин гурӯҳи синнусолӣ мансубанд. Баъдан Instagram (30%) ва Telegram (28%) ҷойгир шудаанд.

Дар байни муштариёни 35-49 сола сегонаи пешсафон чунин аст: Facebook (39%), «Одноклассники» (33%) ва IMO (30%). Ҷолиб он аст, ки ҳамагӣ се сол пеш Facebook ва Instagram дар байни ҳамаи гурӯҳҳои синнусолии муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” манбаъҳои писандидатарин буданд.

Насли калонсол низ имкони муошират дар паёмрасонҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро аз даст намедиҳад. Аммо дар ин ҷо натиҷа нисбатан намоёнтар аст: миёни муштариёни 50 сола ва аз он боло “Одноклассники” пешсаф аст (35%-и ҳамаи истифодабарандагони ин синну сол). Дар ҷойи дуюм IMO бо 27% қарор дошта, мақоми сеюмро дар сегонаи пешсафон Facebook бо 18% аз ҳамаи истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ишғол менамояд.

Интернети мобилӣ ҳатто дар ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон боз ҳам бештар дастрас мегардад. Тарофаҳо бо ҳаҷми зиёди трафик бошанд, ба муштариёни оператор имкон медиҳанд, ки аз тамоми манбаъҳои зарурии интернетӣ новобаста аз синну сол фаъолона истифода баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *